Jump to content

Ибни Зуҳр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Зуҳр
Таърихи таваллуд 1091[1][2] ё 1073[3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1162[4][1][5][…]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ шоир, пизишк ва пизишкӣ
Шогирдон Ибни Рушд
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абумарвон Абдулмалик ибни Абилъало Зуҳур ибни Зуҳр (ар. أَبُو مَرْوَانَ عَبْدُ المَلِكِ بْنُ أَبِي العَلَاءِ بْنِ زُهْرٍ‎; 1091[1][2] ё 1073[3], Peñaflor[d], Андалусия[3]1162[4][1][5][…], Севиля) — табиби арабизабони андалусӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Андалус фаъолият намудааст. Хонадони ӯ дар Андалус бо илму адаб, фиқҳу сиёсат ва тиб шуҳрат дошта, чандин фақеҳу табибу шоиру вазирро ба камол расондааст. Дар таърихи тиб номи шаш нафар табиби ин хонадон сабт шудааст, ки машҳуртаринашон Ибни Зуҳр — табиби дарбори Севиля ва яке аз пизишкони беҳтарин миёни мусулмонон ва насрониёни Испания мебошад (Ибни Зуҳр аз насли севвуми ин хонадон буд). Ибни Зуҳр баъд аз касби камолот дар дарбори ҳокимони муробитӣ ба ҷои падараш адои вазифа мекард. Пас аз шикасти муробитиҳо ва ташкил шудани давлати муваҳҳидиҳо дар Ғарб Ибни Зуҳр дар назди халифа Абумуҳаммад Абдулмуъмин вазифаи вазоратро бар уҳда гирифт. Дар ин ҳангом, ки ҳокимияти муваҳҳидиҳо аз Ғарб то Андалус густариш ёфта буд, шуҳрати донишмандӣ ва табибии Ибни Зуҳр ба авҷи аъло расида, дар Аврупо низ густариш ёфт ва то Италияву Фаронса расид. Ба қавле Ибни Зуҳр аввалин шахсест, ки маводди доруиро нахуст дар ҳайвонот санҷида, баъдан барои муолиҷаи одамон тавсия медодааст. Ибни Зуҳр дар замони зиндагиаш ончунон шуҳрат доштааст, ки Ибни Рушд ӯро баъд аз Ҷолинус бузургтарин табиб меҳисобидааст ва таърихнигори тиб Леклер (фавт 1892) гуфтааст, ки Ибни Зуҳр-ро фақат бо Закариёи Розӣ ва Ибни Сино метавон муқоиса кард.

Аз таълифоти Ибни Зуҳр оид ба тиб дар «Уюну-л-анбо»-и Ибни Усайбиъа ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ фақат ҳашт китоб ёд шудааст: «Китобу-т-тайсир фӣ-л-мудовоти ва-т-тадбир», «Китобу-л-ағзия», «Китобу-з-зинат», «Тазкира фӣ амри-д-давои-л-мусҳил», «Мақола фӣ илали-л-куло», «Рисола фӣ иллатайя-л-барас ва-л-баҳақ», «Тазкира» ва «ал-Иқтисод фӣ ислоҳи-л-анфуси ва-л-аҷсод». Аз ин маҷмӯъ фақат се китоби Ибни Зуҳр то замони мо омада расидааст: «Китобу-т-тайсир фӣ-л-мудовоти ва-т-тадбир», «Китобу-л-иқтисод» (онро барои амири муробитиҳо Ибни Тошфин таълиф кардааст) ва «Китобу-л-ағзия». «Китобу-т-тайсир фӣ-л-мудовоти ва-т-тадбир» беҳтарин таълифоти тиббӣ буда, дар он муаллиф оид ба илтиҳоби шуш, газаки гӯши миёна, бемории хоришак ва роҳҳои муолиҷаи онҳо маълумот додааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 NUKAT — 2002.
  2. 2.0 2.1 MAK (лаҳ.)
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Encyclopédie Larousse en ligne (фр.)
  4. 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. 5.0 5.1 Национальная библиотека Португалии — 1796.