Ибни Маймун
ибрӣ: משה בן מימון | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 30 март 1138[1] ё 30 март 1135[2][3] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 13 декабр 1204[4] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа, пизишкӣ[8], Таврот, Halakha[d], Jewish philosophy[d][8] ва яҳудият[8] |
Имзо |
![]() |
![]() |
Абуимрон Мусо ибни Маймун ибни Абдуллоҳ ал-Қуртубӣ ал-Яҳудӣ (ар. ابو عمران موسى بن ميمون بن عبد الله القرطبي اليهودي; 30 март 1138[1] ё 30 март 1135[2][3], Қуртуба, Муробитун[5] — 13 декабр 1204[4], Қоҳира, Давлати Айюбиён[6]) — файласуф, илоҳиётшинос, табиб, танзимгари қонунҳои Таврот. Бо номҳои Мусо ибни Маймун, Мусои Мисрӣ, Маймонид, Моше бен Маймон, Рамбам, Раббӣ низ маъруф аст.
Зиндагиноа
[вироиш | вироиши манбаъ]Худи Ибни Маймун дар «Тафсири Таврот» («Мишна Тора») шаҷараи хонаводагиашро то ҳафт насл ёд кардааст, ки панҷтои онҳо қозӣ (ҳакам, даян) будаанд. Ибни Маймун маълумоти ибтидоии диниро дар Андалус гирифтааст. Баъди ҳамлаи Муваҳҳидон аз шимоли Африқо ва таъқиби яҳудиён беш аз даҳ сол дар ҷануби Испания қарор дошта, ниҳоят бо хонаводааш ба ш. Фоси Марокаш омад ва дар донишгоҳи маҳаллии ал-Қоруна дониши дунявӣ омӯхт. Ҳамин давра ба таснифи «Тафсири Таврот» (ба ибрӣ) шурӯъ карда, онро дар Миср (1177) ба анҷом расонд. Дар «ар-Рисолату-л-ямания» («Паём ба Яман»; 1172), ки дар ҷавоби суоли яҳудиёни Яман таълиф шудааст, мухолифати худро нисбат ба ислом ва паёмбар (с) изҳор кард. Хонадони Ибни Маймун аз Фос ба Акра омад ва баъдан шаш моҳ дар «Замини муқаддас» гашт. Ибни Маймун аз соли 1166 дар ҷамъияти яҳудиёни Миср мақоми баланд ёфта, соли 1171 сарвари ҷамоаи яҳуд (раису-л-яҳуд) таъйин шуд. Баъди ду сол аз ин мансаб бенасиб шуда, соли 1197 дубора ба он расид ва то охири умр соҳибмансаб буд.
Ибни Маймун баъди табобати ал-Фозил – вазири Салоҳуддини Айюбӣ табиби шахсии ин ду нафар гардид. Ӯ «Шарҳу асмои-л-ақор» («Шарҳи номҳои гиёҳҳо») ва чанд асари тиббии дигар дорад. Дар «Шарҳ» номи гиёҳҳоро бо забонҳои арабӣ, юнонӣ, румӣ, мағрибӣ, андалусӣ, мисрӣ, суриёнӣ ва форсӣ зикр кардааст. Ин асар соли 2014 ба форсӣ нашр шудааст. Ибни Маймун пизишкиро ҳамчун воситаи дарёфти музд ва такмили инсон ба шогирдонаш, ки иддае табиби ҳозиқ шуданд, тарғиб мекард. Ибни Маймун дар баробари пизишкӣ ба масоили илоҳиёт ва фалсафа низ диққати бисёр медод. Натиҷаи омӯзиш ва ковишу таҳқиқҳои ӯ бузургтарин асари фалсафаи яҳудӣ ба забони арабӣ «Далолату-л-ҳоирин» (1190) аст, ки дар охири умри муаллиф (1204) ба ибрӣ тарҷума шуд. Дар муқаддимаи китоб мутафаккир менависад, ки «мақсад аз ин асар ва таълифоти ба он монанд созиш додани Таврот бо илм аст. Ва ман мақсад дорам марди порсоро раҳнамоӣ намоям, то …илмҳои фалсафиро низ амиқ омӯзад. Ақли инсон ҳаминро тақозо дорад» (Антология мировой философии. Т. 1, М., 1969, саҳ. 781–82). Дар ин асар Ибни Маймун ибораҳои ниҳону мармузи «Китоби муқаддас»-ро, ки баъзеҳо айнан қабул мекунанд, тавзеҳ додааст.
Ибни Маймун фалсафаи Арастуро дар таъбири мутафаккирони арабу форс (Киндӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд) омӯхта, мехост аҳкоми яҳудияро бо нукоти фалсафӣ ва усули ақлгароӣ мутобиқ созад. Дар ин замина назари Абуҳомиди Ғаззолиро оид ба созиши илоҳиёт бо фалсафа рад мекард. Мувофиқи ақидаи Ибни Маймун мақсади фалсафаи дин шарҳу таъбири ибораву истиораҳои Таврот ва анъанаи хохомон (ҳакимон)-и яҳудӣ аст. Илоҳиёт ва табиат (табиат бояд пеш аз илоҳиёт омӯхта шавад) дар олами маънавии диндорони болаёқат (на омма) собитанд.
Ба гуфтаи Ибни Маймун ҳама нукоти таълимоти Арасту дар Тавроту Талмуд ҷой доранд, вале барои дарёфти онҳо бояд аз фаҳми таҳтуллафзӣ даст кашид ва тамсилу истиораро ба кор бурд. Ба андешаи ӯ, мас., гуфтаи яке аз мазмурот (Забур, 19.2), ки «афлок шарафи Худовандро баён месозанд», гувоҳи он аст, ки фалакҳои осмонӣ ҷондору андешаманданд. Ибни Маймун ваҳдоният ва ғайриҷисмонияти Яҳворо комилан мутобиқи назарияи нахустсабаби Арасту медонист ва масъалаи офаринишро ба зумраи асосҳои эътиқод ворид намекард. Ин ба ӯ имкон медод, ки дар пайравии яҳудия Худоро нахустсабаби олам донад, на холиқи он. Аслу асос ва рукни хирад, фаҳму эътирофи Моҳияти аввал сабаби ҳастии ҳама мавҷудот аст. Моҳият Хидеви Кайҳон ва Ходими Олам аст. Моҳият фалакро тавассути қувваи беинтиҳо идора менамояд. Фалак беист давр мезанад ва ин даврзанӣ мустақим аст. Назари Ибни Маймун бо таълимоти Арасту дар бораи он, ки Худо сабаби фоилу собити олам аст, қаробат дорад. Мувофиқи ин андеша, зинаи паёмбарӣ тавассути камоли шахс муяссар мегардад. Офариниши олам эътиқод ба муъҷизотро имконпазир месозад ва муъҷизаи офариниши олам саволи «Чаро ин ё он шахс ба паёмбарӣ расид?»-ро истисно менамояд. Сабаби ибтидоии паёмбарӣ Худост, вале сабаби бевосита Зеҳни фаъол аст. Ваҳй бе ёрии Худованд ғайриимкон аст. Ҳақиқати илоҳиёт барои файласуфон ошкор нест. Ин ҳақиқат маъмулан шуълаи барқро мемонад ва он хосси паёмбарон аст. Ибни Маймун боварӣ дошт, ки барои паёмбарон ҳақиқати фалсафӣ ошкор буд, вале на ҳамаи он дар Таврот сабт шудааст; қисме шифоҳӣ аз насл ба насл мегузашт ва бо мурури замон аз байн рафт. Аз ин назар Ибни Маймун фалсафаи калом, муътазилия, ашъария, Абуҳомиди Ғаззолӣ ва дигаронро дар дувоздаҳ масъала, аз ҷумла вуҷуди ҷавҳари холис, хало, замон, таносуби ҷавҳар ва араз, ҳастӣ, модда ва сурат, беинтиҳоӣ, эҳсосот зери танқид гирифтааст.
Андешаҳои Ибни Маймун ба схоластикаи асримиёнагии Аврупо (Алберти Бузург, Фомаи Аквинӣ, Дунс Скот) таъсири амиқ гузоштаанд. Ҳам Ибни Маймун ва ҳам схоластика эътироф мекунанд, ки байни ҳақиқати илоҳӣ ва нукоти илму фалсафа мухолифате нест. Ӯ таъкид мекунад, ки нукоти Тавроту Талмуд барои файласуфон асос шуда метавонанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://www.cairn.info/revue-pardes-2014-1-page-295.htm#re2no2
- ↑ 2.0 2.1 Le Courrier de l'Unesco, Le Courrier de l'Unesco (ингл.) — UNESCO, 1986. — P. 10. — ISSN 2179-8818; 2521-7356; 0304-3118; 1564-0574; 2220-2277; 2220-2269
- ↑ 3.0 3.1 https://www.larousse.fr/encyclopedie/personnage/Moïse_Maïmonide/131172 (фр.) — Éditions Larousse, 1970.
- ↑ 4.0 4.1 Le Courrier de l'Unesco, Le Courrier de l'Unesco (ингл.) — UNESCO, 1986. — P. 13. — ISSN 2179-8818; 2521-7356; 0304-3118; 1564-0574; 2220-2277; 2220-2269
- ↑ 5.0 5.1 Bokser B. Z. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 6.0 6.1 zespół autorów Интернет-энциклопедия PWN (лаҳ.)
- ↑ https://trianarts.com/recordando-a-maimonides-el-gran-filosofo-de-al-andalus/
- ↑ 8.0 8.1 8.2 Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Маймун / А. Шарифов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.