Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ибни Масарра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Масарра
Таърихи таваллуд 23 апрел 883 ё 883
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 931[1]
Маҳалли даргузашт
Кишвар

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Масарраи Ҷабалӣ (ар. أبوعبدالله محمد بن مسرّة الجبلي‎; 23 апрел 883 ё 883, Қуртуба, Андалусия931[1], Қуртуба, Андалусия) — файласуф ва орифи андалусӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Илмҳои замонашро аз устодонаш Ибни Ваззоқ ва Хушно фаро гирифт, ки ҳар ду моликӣ буданд. Ибни Масарра дар ҷавонӣ ҳамроҳи бародараш аз зодгоҳаш Қуртуба ба Басра омад ва бо муҳаддисону муътазилиён шиносоӣ пайдо карда, ақидаҳои эшонро пазируфт. Ҳангоме ки ӯро ба «қадарӣ» муттаҳам ва таҳдид карданд, ба Қуртуба баргашт ва андешаҳояшро ба шогирдону наздикон, аз ҷумла ба писараш таълим дод. Тибқи маълумоти тазкираҳо, Ибни Масарра пас аз касби камол дар зовияе, воқеъ дар кӯҳҳои Қуртуба нахустин маҳфили сӯфиёнаи андалусиро таъсис дода, ба тарбияи шогирдон ва созмон додани назми тозаи фалсафию ирфонӣ пардохт. Андеша ва таълимоти худро аз бими фақеҳон ба ишораву истиора баён мекард. Қозӣ ва фақеҳи номдор Аҳмад ибни Холид, мулаққаб ба Ҳабоб, рисолае бар зидди Ибни Масарра навишт. Ибни Масарра амнияти худро зери хатар дида, оқибат ҳамроҳи шогирдаш Ибни Мадоин ва Ибни Сайқал Қуртубаро тарк кард. Муддате дар шаҳрҳои шимоли Африқо ва кишварҳои Шарқи исломӣ ба сар бурда, дар мадрасаҳову маҳфилҳои илмӣ ҳамчун донишҷӯ ширкат кард; чанде дар Макка ва Мадина иқомат гузид, бо Ибни Арабӣ, Ҷунайди Бағдодӣ ва Сӯфёни Саврӣ шинос шуд. Чун дар замони ҳукмронии Абдурраҳмони III (912-60, яке аз машҳуртарин фармонравоёни Умавӣ) дар Андалус cиёсати озодандешӣ пеш гирифта шуд ва давраи нисбатан ороми аҳли илм оғоз ёфт, Ибни Масарра ба Қуртуба баргашт ва ба шеваи зоҳидонаи худ идома дод. Дар ин ҷо ӯ дубора ҳамроҳи шогирдону ҳаводоронаш мактаби фалсафӣ ва сулуки маънавии худро созмон дод ва ба таълиф пардохт. Ҷузъиёти баъдии зиндагии Ибни Масарра дар Қуртуба маълум нест, вале тибқи иттилои тазкиранависон солҳои охири умри ӯ ва шогирдонаш дар шароити хубу осоишта гузаштааст.

Ибни Масарра рисолаву асарҳои бисёре таълиф кардааст, вале то рӯзгори мо танҳо ду асари ӯ боқӣ мондаанд: «ал-Табсират» ва «Китобу-л-ҳуруф». Аз ин осори боқимонда пайрави таълимоти Эмпидокл будани ӯ маълум мегардад, ҳарчанд таълимоти фалсафиву ирфонии ӯро дар чаҳорчӯби муайяни ақидатӣ ғунҷонидан ғайриимкон аст. Ибни Ҳазм, Муҳаммади Шаҳристонӣ, Шаҳрзурии Ишроқӣ, Ибни Арабӣ (дар «Футуҳот маккия» ва «Фусусу-л-ҳикам») Ибни Абиусайбиа (дар «Табақоту-л-ҳукамо») ишораҳое ба ақидаҳои каломӣ ва ирфонии Ибни Масарра кардаанд. Муҳаққиқ ва шарқшиноси испанӣ Мегиос Асин-Паласиос ақоиду афкори ӯро ҷамъоварӣ ва мавриди баррасӣ қарор додааст.

Андешаҳои фалсафӣ ва ирфонии Ибни Масарра: зеҳни инсон таҳти таъсири нури илоҳӣ ба таҳқиқу баррасии олам мепардозад; рӯҳи инсон як бахши хурде аз рӯҳи ҷаҳонӣ буда, дар ҷисми ӯ зиндонӣ аст ва чун зотан ба ин олам тааллуқ надорад, ҳамеша майли ҷудо шудан аз ҷисмро мекунад; илму қудрати Худо дорои ду сифат ва ду илму огаҳист, ки якеро куллан падид меоварад ва он огоҳӣ аз куллиёт аст, ки илми ғайб низ меноманд ва дигаре огоҳӣ аз ҷузъиёт аст, ки «илми шаҳодат» номида мешавад.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.