Ибни Мискавайҳ
ар. أحمد بن مُحمَّد بن يعقوب مُسكويه الرازي | |
Таърихи таваллуд | 932[1][2][3] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1030[4][5][6][…] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | илоҳиёт, шеър, фалсафа, таърих ва фалсафаи ахлоқ |
Ибни Мискавайҳ (ар. ابن مسكوويه), Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Яъқуби Мискавайҳи Розӣ (932[1][2][3], Рай[7] — 1030[4][5][6][…], Исфаҳон[7]) — файласуф, муҳаққиқи ахлоқ, таърихнигор, пизишк, риёзидон ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Тахаллуси Мискавайҳ ё Мускуя (муарраби Мушкуя ё Мушкбӯя) ишора ба зодгоҳи аҷдодии файласуф дорад, аммо муаррихон онро ҳамчун насаби ӯ овардаанд. Ибни Мискавайҳ тақр. соли 973 ба дарбори Бувайҳиён роҳ ёфта, ба ҳайси надим, хазинадор, котиб ва китобдор хидмат мекард; ҳамзамон дар Рай, Бағдод, Шероз ва Исфаҳон ба таълиму тадрис машғул буд. Ибни Мискавайҳ шогирди Абутайиби Кимиёӣ, Ибни Комил (муаррих), Ибни Хаммор (файласуф) ва устоди Абуҳайёни Тавҳидӣ буд. Донишаш дар фалсафа ва пизишкӣ дар ҳадде буд, ки «Муаллими севум» ва «Буқроти дуввум» лақаб гирифт. Охири умри Ибни Мискавайҳ дар Исфаҳон гузашта, мақбарааш то асри 20 маъмур будааст.
Ибни Мискавайҳ доир ба фалсафа, ахлоқ, мантиқ, таърих, забон, кимиё, тиб ва ғ. зиёда аз 30 асар навиштааст. Ҷавҳари таълимоти Ибни Мискавайҳ-ро илми ахлоқ ташкил медиҳад. Ӯ асосгузори илми мазкур дар мамлакатҳои исломӣ ба шумор меравад. Насируддини Тӯсӣ ва Ҷалолуддини Давонӣ аз машҳуртарин давомдиҳандагони таълимоти ахлоқии Ибни Мискавайҳ мебошанд. Асарҳои маъруфи фалсафӣ-ахлоқии Ибни Мискавайҳ: «Ҷовидонхирад», «Таҳзибу-л-ахлоқ ва татҳиру-л-аъроқ» (тарҷумаи форсиаш — «Кимиёи саодат»), «Тартибу-с-саодат ва манозилу-л-улум», «Одобу-д-дунё ва-д-дин», «Рисолатун фӣ моияти-л-адл», «Китобу-с-сияр», «Васиятнома».
Андешаҳои фалсафӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар фалсафаи амалии Ибни Мискавайҳ таҳзиб (ислоҳ)-и ахлоқ нуқтаи марказӣ буда, тадбири манзил (умури хонаводагӣ) ва сиёсати мудун (шаҳрдорӣ) вобаста ба он баррасӣ мешаванд. Ибни Мискавайҳ ба масъалаҳои фарқи хайру саодат, зарурати иҷтимоъ (муттаҳидӣ) ва таовун (ҳамкорӣ) дар роҳи расидан ба саодат, муносибати малик бо раият, муносибати байни раият, қаноат, покӣ, шуҷоат, масъулият, адолат ва ғ. бештар таваҷҷуҳ кардааст. Ӯ адолатро ба ҳайси восита миёни ҳадаф ва имконият, комилтарин хайр ҳисобида, саодатро танҳо фазилат не, балки иттиҳоди ҳикмати назарию амалӣ медонад ва онро, баръакси хайр, на ба омма, балки ба хоссон нисбат медиҳад. Ибни Мискавайҳ расидан ба саодати абадиро дар дунё мумкин ва онро заминаи саодати охират, хиёнатро бадтарин амал медонист; баъзе арзишҳои ахлоқии суфия, аз қабили гӯшанишинӣ ва дунёбезориро накуҳиш карда, андешаҳои «Ихвону-с-сафо»-ро қабул надошт.
Ибни Мискавайҳ пайрави мактаби машшоъ буда, андешаҳои фалсафии ӯ дар асарҳояш «ал-Фавзу-л-асғар», «Фавзу-с-саодат», «ал-Фавзу-л-акбар» (то замони мо нарасидааст), «Расоили фалсафӣ» ва ғ. дарҷ шудаанд. Таълимоти зардуштия ва андарзномаҳои даврони бостон низ ба ҷаҳонбинии ӯ таъсири ҷиддӣ расонидаанд. И. М. Худовандро ягона офарандаи олам аз нестӣ ва нестиро имконияти пеш аз вуқӯъ медонад. Худо оламро аз ҳамин имконияти ботилнашаванда ё «сурати аввал» офаридааст. Файласуф Сонеъро иллат (сабаб) ва муҳаррики аслии мавҷудот, қадиму азалӣ, маърифати Ӯро аз тариқи салб ва инкори далелҳои муқобил, на аз роҳи эҷоб ва далелҳои мустақим мумкин мешуморад. Ибни Мискавайҳ дар назарияи судур пайрави Афлотуну навафлотуниён, дар ҳалли масъалаи таносуби нафсу ҷисм тарафдори Арасту ва Форобӣ буд. Олами тағйирпазир, ба андешаи ӯ, чор марҳалаи инкишоф — ҷамодӣ, наботӣ, ҳайвонӣ ва инсониро сипарӣ мекунад ва қаблӣ аз баъдӣ ноқистар аст. Ба андешаи ӯ, беҳтарин ва муҳтарамтарин мавҷудоти олам инсон аст. Ситоиши инсон ва тавсифи мақому мартабаи ӯ аз муҳимтарин нуктаҳои фалсафаи иҷтимоии Ибни Мискавайҳ ба ҳисоб меравад. Ӯ истиқлол ва мухторияти инсон ва бо фармудаи ақл амал карданашро эътироф намуда, дар ин замина таҳзиби ахлоқро мумкин мешуморад. Аз нигоҳи Ибни Мискавайҳ эҳсос нахустин воситаи маърифат аст, ки тадриҷан тағйир ёфта, аввал ба дараҷаи тахайюл ва баъдан то ба тааққул (андеша) мерасад. Ӯ сурати ҳиссиро нопойдор ва сурати ақлиро устувор ҳисобидааст.
Ибни Мискавайҳ дар «ал-Ҳавомил ва-ш-Шамоил» (посух ба суолҳои Абуҳайёни Тавҳидӣ), ки фарогири масъалаҳои иҷтимоӣ, равоншиносӣ, адаб, фалсафа, калом ва ғ. мебошад, ба соҳаҳои гуногуни илм дахл кардааст.
Машҳуртарин асари таърихии Ибни Мискавайҳ «Таҷорибу-л-умам» аст, ки дар асоси «Таърихи Табарӣ» навишта шуда, таърихи башариятро аз замони Тӯфони Нӯҳ то солҳои 979—980 дар бар мегирад. Ибни Мискавайҳ бештар ба ҳодисаҳое, ки худ шоҳиди онҳо буд, таваҷҷуҳ намудааст. Дар ҷилди шашуми асар доир ба Бувайҳиён маълумоти арзишманд дода шудааст. «Аҳволу-л-ҳукамо ва сифоти-л-анбиёи-с-салаф» асари дигари ӯст, ки ба илми таърих бахшида шудааст. Ибни Мискавайҳ ба таърих чун ба «озмоишгоҳи фалсафаи амалӣ» менигарист. Ибни Мискавайҳ дар пизишкӣ асарҳои зиёде, аз ҷумла «Китобу-л-ашриба», «Китобун фӣ таркиби-л-боҷоти мина-л-атъима» («Китобу-т-табих»), «Китобу-л-ҷомеъ», «Китобун фӣ адвияти-л-муфрада», «Мухтасару-н-набз»-ро навиштааст, Ибни Мискавайҳ аз ҷавонӣ ба кимиёгарӣ рӯ оварда, муддати зиёд ба он машғул шуд. Дар ин ҷода шефтаи осори Ҷобир ибни Ҳайён ва Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ буд. Андешаҳояш доир ба ин фан дар «Рисолатун фӣ зикри-л-ҳаҷари-л-аъзам», «Рисолатун фӣ-л-кимиё» ва «ал-Канзу-л-кабир» баён шудаанд.
Саолибӣ, Ёқутӣ ва Берунӣ намунаи ашъори Ибни Мискавайҳ-ро дар осори худ ҷой дода, ӯро дар шеър мумтоз донистаанд. Ибни Мискавайҳ доир ба назарияи шеър китобе дорад бо унвони «Фавзу-н-наҷот».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Internet Philosophy Ontology project (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ 3.0 3.1 MAK (лаҳ.)
- ↑ 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 5.0 5.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 6.0 6.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Мискавайҳ / М. Исоев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.