Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ибни Мунзир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Мунзир
араб. ар. ابن المنذر النيسابوري
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: олим, муфассир
Таърихи таваллуд: на пештар аз 855 и на дертар аз 856
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 931[1]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: суннӣ
Самти фаъолият: фиқҳ
Осор:
Вироиши Викидода

Абубакр Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Мунзир ибни Ҷоруди Нишопурӣ (форсӣ: ابوبکر محمد بن ابراهیم بن منذر نیشابوری‎; на пештар аз 855 и на дертар аз 856, Нишопур931[1], Макка) — фақеҳ, муҳаддис ва муфассир.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Улуми ибтидоиро дар Нишопур фаро гирифт, сипас соли 880 барои такмили дониш ба Миср рафта, он ҷо назди шогирдони имом Шофеӣ, Муҳаммад ибни Абдулҳакам ва Рабеъ ибни Сулаймон фиқҳу ҳадис омӯхт. Баъди 8 сол ба Макка рафта, муддате назди Муҳаммад ибни Исмоили Соиғ ба омӯзиши ҳадис машғул шуд. Муҳаммад ибни Маймун, Исҳоқ ибни Иброҳим ва Алӣ ибни Абдулазиз низ аз устодони Ибни Мунзир буданд. Муҳаммад ибни Яҳё, Абубакр ибни Муқрӣ ва Муҳаммад ибни Иброҳими Исфаҳонӣ аз ҷумлаи шогирдон ва ровиёнеанд, ки аз Ибни Мунзир ҳадис нақл кардаанд.

Ибни Мунзир нахуст пайрави мазҳаби шофеӣ буд; баъди омӯзиши амиқи ҳадису фиқҳ худ муҷтаҳид ва соҳиби фатво шуд. Дар Маофир (минтақае дар шимолу ғарбии Яман) то як асри пас аз Ибни Мунзир ба фатвои ӯ амал мекарданд. Ибни Мунзир дар бораи дидгоҳҳои муштараки фақеҳони машҳури мазҳабҳо китоби «ал-Иҷмоъ» ва роҷеъ ба назароти ихтилофии онҳо «ал-Ишроф»-ро нигоштааст.

«Риҳлату-л-имоми-ш-Шофеӣ ила-л-Мадинати-л-Мунаввара», «ал-Авсату фӣ-с-сунани ва-л-иҷмои ва-л-ихтилоф», «ал-Иқноъ» (дар фиқҳ), «Тафсиру-л-Қуръон» (дар 2 ҷилд) ва «ал-Ишрофу ало мазоҳиби-л-уламо» (дар 10 ҷилд) аз ҷумлаи осори дигари ӯянд.

  1. 1.0 1.1 (unspecified title)OpenITI.