Ибни Муътазз
Таърихи таваллуд: | 1 ноябр 861[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 29 декабр 908 (47 сол) ё 17 декабр 908 (47 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда, Халифа |
Забони осор: | арабӣ[1] |
Абулаббос Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Муътазз Биллоҳ (ар. أبو العبَّاس عبد الله بن المعتز بالله; 1 ноябр 861[1], Сомарро[d], Вилояти Салоҳаддин — 29 декабр 908 ё 17 декабр 908, Бағдод) — шоир, адиб, ровӣ ва мунаққиди бузурги араб.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Писари халифаи Аббосӣ ал-Муътазз Биллоҳ. Дар айёми наврасӣ ба Макка муҳоҷират карда, дар он ҷо ба камол расидааст. Дар давраи хилофати ал-Муқтадир Биллоҳ зиндагии осуда насибаш шуда, дар назди устодони номдор илмҳои роиҷи давронашро фаро гирифт. Соли 908 ҳангоми табаддулоти дарборӣ ӯро халифа эълон карданд, вале ӯ пас аз як рӯз кушта шуд. Ба ин муносабат Ибни Муътаззро «халифаи якрӯза» ҳам меноманд. Ибни Муътазз аз худ осори зиёде боқӣ гузоштааст. Муҳимтарини онҳо «Китобу-л-бадеъ» (аз санъати бадеӣ баҳс мекунад), «Табақоту-ш-шуаро» (ҳамчун тазкира эътибори калон дорад), «Расоил» (таърихи манзуми халифа ал-Муътадид) мебошанд. Девони ӯ бори аввал соли 1891 ва бори дуввум соли 1913 чоп шудааст. Ибни Муътаззро «шоири банӣ Ҳошим» ва «шоири бузурги замон» гуфтаанд, зеро аз шоирони муосираш дар гуногуншаклии шеър ҳеч кас ба сатҳи ӯ нарасидааст. Ӯ дар ҳар як аз заминаҳои даҳгонаи фахр, ғазал, мадҳ, итобия, тардиёт, васф, хамриёт, марсия, зуҳд ва ҳаҷв қитъа ва қасида сурудааст. Ҳамчунин як силсила ҳикматҳо дорад, ки шахсиятҳое чун Абуҳайёни Тавҳидӣ, Саолабӣ, Ибни Ҷавзӣ ва дигарон аз ин ҳикматҳои ӯ сифат кардаанд. Ашъораш аз ҷиҳати салосату латофат ва ташбеҳу санъатҳои бадеӣ машҳур гардидааст. Аксари шеърҳои девони Ибни Муътазз ғазал буда, дар онҳо ишқу май ва зебоиҳои табиатро тараннум кардааст. Ибни Муътазз ҳамчун мусиқидони барҷаста низ машҳур аст. Мураббӣ ва устоди асосии вай Аҳмад ибни Саъиди Димишқӣ буд. Ӯ дар илми мусиқӣ китоби ҷомеъ таълиф кардааст ва Абулфараҷи Исфаҳонӣ ба ин рисола баҳои баланд додааст. Ибни Муътазз барои бештари ашъори сурудаи худ ва гоҳе ҳам ба муносабате барои ашъори дигарон оҳанг месохтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Муътазз // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.