Ибни Нафис
Ибни Нафис | |
|---|---|
| ар. علاء الدين أبو الحسن علي بن أبي الحزم الخالدي المخزومي القَرشي الدمشقي | |
| |
| Таърихи таваллуд | тақрибан 1213[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 17 декабр 1288 |
| Маҳалли даргузашт | |
| Фазои илмӣ | пизишкӣ |
Абулҳасан Алоуддин Алӣ ибни Абилҳазми Қурайшӣ, мулаққаб ба Ибни Нафис (ар. ابن نفیس); 1210, Димишқ — 1288, Қоҳира) — табиб ва донишманди салтанати Мамлукҳои Миср аз Сурия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Илми тибро дар назди Муҳаззабуддин ном табиб омӯхтааст. Дар илмҳои забон, ҳадис ва фиқҳ ҳам забардаст будааст. Фаъолияти тиббии Ибни Нафис аз кор дар донишкадаи «Бемористони нурӣ»-и Димишқ оғоз мегардад, сипас рӯ ба Қоҳира оварда, роҳбарии Бемористони мансуриро бар уҳда мегирад ва ҳамзамон дар вазифаи устодии мадрасаи тиббии он фаъолият менамояд. Аз осори тиббии ӯ «Муҷазу-л-Қонун», «Шарҳу куллиёти-л-Қонун» ва «аш-Шомил фӣ-с-синоати-т-тиббия»-ро метавон ном бурд. Ибни Нафис аз пайравони эҷодкори Ибни Сино ва яке аз шореҳони бозаковати «ал-Қонун фӣ-т-тиб» мебошад. Ӯ дар натиҷаи омӯзиш ва таҳқиқу баррасии осори тиббии Абуалии Сино соли 1242 даври хурди гардиши хунро тавсиф кардааст (ҳоло онро ба табиби испанӣ М. Сервето нисбат медиҳанд). Бино ба гуфтаи Ибни Нафис хун аз меъдачаи рости дил ба шуш рафта, дар он ҷо аз моддаи хоссае, ки дар таркиби ҳаво мавҷуд аст, ғанӣ мегардад. Сипас ба даҳлези чапи дил гузашта, ба «рӯҳи ҳаёт» табдил меёбад. Ибни Нафис беш аз 150 асбоби ҷарроҳиро кашф ва дар соҳаи ҷарроҳӣ истифода кардани усули доғмони (каутеризатсия)-ро таҳқиқ кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Library of Congress Authorities (ингл.) — Library of Congress.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Нафис / С. Шаҳобуддинов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
