Ибни Наҷҷор
Ибни Наҷҷор | |
---|---|
араб. ар. مُحمَّد بن محمود بن الحسن بن هبة الله البغدادي | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муаррих, нависанда, муҳаддис, омӯзгор |
Таърихи таваллуд: | марти 1183 ё 1183 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 25 декабр 1245 |
Маҳалли даргузашт: | |
Эътиқод: | ислом |
Корфармо: | |
Устодон: | Ibn al-Dubaythi[d] ва Diya al-Din al-Maqdisi[d] |
Шогирдон: | Ibn al-Sa'i[d] |
Осор: |
Феҳрист
|
![]() |
Ибни Наҷҷор (ар. ابن نجار), Абуабдуллоҳ Муҳиббуддин Муҳаммад ибни Маҳмуд… ибни Маҳосин (марти 1183 ё 1183, Бағдод — 25 декабр 1245, Бағдод) — таърихнигор, муҳаддис, риҷолшинос ва адиби шофеӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Илмҳои маъмули рӯзгорро нахуст дар мадрасаи Низомияи Бағдод, сипас аз Ибни Ҷавзӣ, Абдулваҳҳоб ибни Сукайнаи Бағдодӣ ва Зокир ибни Комили Хаффоф омӯхт. Соли 1211 дар Макка ва муддате дар Мадина ҳадис шунид. Соли 1212 дар Шом назди Абулюмни Киндӣ (фавт 1217) ба таҳсили илм пардохт. Дар Ҳалаб низ каме диранг карда, ҳангоми бозгашт ба Бағдод аз шайхҳои Ҳаррон, Мавасил, Тикрит ва дигар манотиқи Ироқ ҳадис шунид. Ибни Наҷҷор барои такмили илм ба Ҳамадон, Исфаҳон ва сипас ба Хуросон рафт. Дар Нишопур аз донишмандоне чун Муайяд ибни Муҳаммади Тӯсӣ ва дар Марв аз Абдурраҳим фарзанди Абдулкарими Самъонӣ баҳраҳо ҷуст. Ҳангоми бозгашт ба Бағдод дар Бастом, Домғон, Рай, Сова, Ҳамадон ва дигар шаҳрҳо ҳадис омӯхт ва дониши худро такмил дод. Соли 1224 ба Миср рафт ва аз илми шайхҳои он ҷо ва Искандария баҳравар шуд. Дар Миср мавриди эҳтироми султон Комили Айюбӣ (ҳукмронӣ 1218—1238) қарор гирифт. Ибни Наҷҷор ба ирфон ҳам гароиш дошт ва аз маҳзари орифон Ибни Арабӣ ва Шиҳобуддини Суҳравардӣ истифода кардааст. Ӯ шеър низ месуруд. Ибни Наҷҷор охири умри худро дар Бағдод ба таълиф ва тадрис гузаронд. Пас аз таъсиси мадрасаи Мустансирия (1233) дар он ҷо ба тадрис машғул шуд. Муҳимтарин таълифи Ибни Наҷҷор «Зайлу Таърихи Бағдод» буда, он такмилаест бар китоби «Таърихи Бағдод»-и Хатиби Бағдодӣ. Китоб фарогири маълумоти арзишмандест дар бораи шарҳи аҳволи халифаҳо, вазирон, қозиён, фақеҳон, муҳаддисон, хатибон, шоирон, адибон, пизишкон ва суфиёне, ки дар Бағдод мезистанд ё ба он ҷо омада буданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Наҷҷор / С. Наимов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони соли 1183
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 25 декабр
- Даргузаштагони соли 1245
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳои исломӣ аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихнигорон аз рӯи алифбо