Jump to content

Ибни Нуҷайм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Нуҷайм
араб. ар. زين الدين (أو: زين العابدين أو: زين) بن إبراهيم بن محمد بن محمد بن محمد بن بكر
ар. زين الدين بن إبراهيم بن محمد[1]
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: фақеҳ
Таърихи таваллуд: номаълум
Таърихи даргузашт: 1563 ё 1563[1]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Вироиши Викидода

Зайнуддин ибни Иброҳим ибни Муҳаммади Ҳанафӣ, машҳур ба Ибни Нуҷайми Ҳанафӣ (ар. ابن نجيم الحنفي‎; 1520, Қоҳира — 1563, ҳамон ҷо) — фақеҳи бузурги ҳанафӣ ва муфтии диёри Миср.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибни Нуҷайм дар Қоҳира назди шайхҳо ва олимони бузурги рӯзгори худ ба таҳсили улуми динӣ пардохт ва дар он улум саромади фуқаҳои замон гашт. Фиқҳ, забони арабӣ ва дигар улуми ақлиро назди Аминуддин ибни Абдулъоли Ҳанафӣ, Абулфайзи Суламӣ, Ибни Қутлубуғо, Шарафуддини Билқинӣ, Шиҳобуддин ибни Шалабӣ ва дигарон фаро гирифт. Фиқҳи ҳанафӣ муҳимтарин мавзӯи омӯзиш, таҳқиқ, тадрис ва фатвои ӯро ташкил медод.

Ибни Нуҷайм ба тасаввуф низ гароиш дошт ва тариқатро аз Сулаймони Ҳузайрӣ омӯхт. Бо Абдулваҳҳоби Шаъронӣ муддатҳо баҳсҳои илмӣ ва робитаи наздик дошт. Шаъронӣ дар «Табақот»-и худ дар бораи ӯ гуфтааст: «Ибни Нуҷайм олим ва зоҳид буд, фуқарои суфия ҳама бар адаб ва ҷалолати ӯ иҷмоъ доранд ва касе аз эътироф ба мақоми ӯ тахаллуф наварзад, ҷуз он, ки аҳли ҳасад бошад ё ба мақоми ӯ ҷоҳил». Ибни Нуҷайм дар замони худ марҷаи фатвои ҳанафиён буд ва осораш аз сарчашмаҳои муҳимми фиқҳи ҳанафӣ ба шумор мерафтанд.

Ибни Нуҷайм дар риштаҳои мухталифи улуми динӣ осори бисёре таълиф кардааст, ки «ал-Ашбоҳ ва-н-назоир» (дар усули фиқҳ), «ал-Баҳру-р-роиқ, Шарҳу Канзи-д-дақоиқ» (дар фурӯи фиқҳи ҳанафӣ), «Фатҳу-л-Ғаффор фӣ шарҳи-л-Манор», «ал-Фавоиду-з-зайния» (дар фиқҳи ҳанафӣ), «ар-Расоилу-з-зайния фӣ мазҳаби-л-ҳанафия» (иборат аз 41 рисола дар масоили фиқҳӣ), «ал-Фатова-з-зайния», «Луббу-л-усул фӣ Таҳрири-л-усул»-и Ибни Ҳумом, «Таълиқу-л-анвор ало усули-л-Манори Насафӣ», «ас-Сиёсату-ш-шаръия», «Шарҳу Ҷомеи-л-фусулайн» ва «Каффорату савми-ш-шайхи-л-фонӣ» аз ҷумлаи осори ӯянд.

  1. 1.0 1.1 1.2 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 3. — С. 64.