Jump to content

Ибни Обидин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Обидин
араб. ар. ابن عابدين
ар. محمد أمين بن عمر بن عبد العزيز عابدين
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: фақеҳ, илоҳиётшинос, муфассир, усулӣ
Таърихи таваллуд: 1783
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1836[1]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, суннӣ ва мотуридӣ[d]
Самти фаъолият: фиқҳ ва тафсир
Ҷойи кор: Димишқ
Шогирдон: Abd al-Ghani al-Ghunaymi al-Maydani[d]
Осор:
Вироиши Викидода

Муҳаммадамин ибни Умар ибни Абдулазизи Димишқӣ, маъруф ба Ибни Обидин (ар. ابن عابدين‎; 1784, Димишқ — 1836, ҳамон ҷо) — олими мутабаҳҳир, фақеҳи Шом ва пешвои ҳанафиён.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибни Обидин пас аз ҳифзи Қуръон дар хурдсолӣ, назди шайхулқуррои Димишқ Саъиди Ҳамавӣ аҳкоми таҷвид, қироат ва фиқҳи шофеиро омӯхт. Пас аз он назди Муҳаммад Солимии Омирӣ илмҳои ҳадис, тафсир, мантиқ ва фиқҳи ҳанафиро фаро гирифт. Баъд бо таҳқиқоти илмӣ дар ин риштаҳо ба андозае пешрафт кард, ки дар фатво бар мазҳаби ҳанафӣ ба ӯ муроҷиат мекарданд. Таҳқиқоти вай дар замони ҳаёташ дар Шом ва дигар сарзаминҳои исломӣ, бахусус дар маркази Хилофати усмонӣ — Истанбул, мунташир шуд ва ӯ назди олимони замони худ ба Хотимату-л-муҳаққиқин ё Муҳаққиқи Шомӣ маъруф гардид. Аз муваффақиятҳои Ибни Обидин дар таҳқиқоташ огоҳии ӯ аз далелҳо ва масъалаҳои аҳком дар мазҳабҳои дигари исломӣ буд.

Ибни Обидин дар риштаҳои гуногуни улуми шариат (фиқҳ, усули фиқҳ, тафсир, фароиз ва ғ.) ҳудуди 50 асар таълиф кардааст. Машҳуртарин асари ӯ «Радду-л-муҳтор ала-д-Дурри-л-мухтор», маъруф ба «Ҳошияи Ибни Обидин», дар фиқҳи ҳанафӣ аст. «ал-Уқуду-д-дуррия фӣ танқеҳи-л-Фатова-л-ҳомидия», «ар-Раҳиқу-л-махтум» дар фароиз, «Насамоту-л-асҳор ало шарҳи-л-Манор» дар усули фиқҳ, «Уқуду-л-лаолӣ фӣ-л-асониди-л-аволӣ», «Рафъу-л-анзор ан мо аврадаҳу-л-Ҳалабӣ ала-д-Дурри-л-мухтор», «Ҳошиятун ала-л-Мутаввал» дар балоғат, «Ҳошиятун ало тафсири-л-Байзовӣ» ва «Маҷмӯату-р-расоил» (дар 2 ҷилд) аз ҷумлаи осори ӯянд.