Ибни Сабъин
Ибни Сабъин | |
---|---|
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | файласуф |
Таърихи таваллуд: | 1217[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1270[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Осор: |
Феҳрист
|
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
![]() |
![]() |
Ибни Сабъин (ар. ابن سبعین), Абумуҳаммад Қутбуддин ибни Абдулҳақ ибни Иброҳим (1217[1][2][3], Valle de Ricote[d], Region of Murcia[d][4] — 1270[1], Макка, Салтанати Мамолик[d][1][4][5]) — файласуфи ишроқӣ ва суфии машҳури андалусӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳаш мантиқ, ҳикмат, калом, кимиё, риёзиёту тиб омӯхта, сипас ба ирфон рӯ овард. Чун дар изҳори таълимоти «ваҳдати вуҷуд» беш аз андоза густох буд, фақеҳони замонаш ба ӯ фишор оварданд ва ӯ дар 25-солагӣ ба кишварҳои шарқи исломӣ сафар кард. Аввал дар Сибтаи Марокаш иқомат гузид ва он ҷо бо Абулҳасани Шуштарӣ (фавт 1269) мулоқот кард ва аз ӯ дарси маҳорати андеша ва завқу кашфи ирфониро омӯхт. Ба фишори фақеҳони ин шаҳр тоб наоварда, аввал ба Агва ва баъд ба Буҷоя ҳиҷрат кард. Дар Буҷоя ба нашри афкори худ машғул шуд ва пайравону муридони бисёре аз табақаҳои гуногуни аҳолӣ пайдо кард, ки онҳо ба интишори ғояҳои таълимоти ӯ пардохтанд. Тарзи сулуки Ибни Сабъин фақеҳони он диёрро низ ба хашм овард. Онҳо ӯро ба куфру зиндиқа айбдор намуданд ва маҷбур шуд, ки ба Макка муҳоҷират кунад. Дар ин вақт амири Макка бемор шуд ва Ибни Сабъин ӯро муолиҷа кард. Ин амали ӯ боиси наздик шуданаш ба амир гардид. Ибни Шокири Куртубӣ навиштааст, ки Ибни Сабъин «ба хотири алоқае, ки бо Худо дошт, дар Макка ба тариқи эътироз аз зоҳирпарастон раги дасташро бурид ва ба зиндагии худ хотима дод». Ибни Сабъин ба пурсишҳои императори Сиқилия — Фридрихи II (Арасту ба қидами олам қоил аст. Оё ӯ бурҳоне барои ин қавл дорад ё не? Агар бурҳоне надорад, суханаш бар чӣ асос ёфтааст? Мақсад аз илми илоҳӣ ва мобаъдуттабиа чист ва муқаддамоти зарурии он кадом аст? ва ғ.) посух навишта, дар радди назари Арасту ва исботи пайдоиши олам далелу бурҳонҳои бисёр овард. Посухҳои Ибни Сабъин аз дониши амиқи ӯ дар бораи масъалаҳои фалсафию каломии донишмандони исломӣ ва орои ҳакимони юнонӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар рисолаи «ал-Масоилу-л-Сиқилия»-и ӯ ироа шудаанд. Китоби мазкур соли 1941 дар Бейрут ба табъ расидааст.
Ибни Сабъин дар мавзӯъҳои гуногуни ирфони назарӣ, ҷанбаҳои амалию ахлоқии ирфон ва фалсафа асарҳои бисёре таълиф кардааст: «Буду-л-ориф», «Рисолату-л-фақирия», "Рисолату-л-қавсия, «Рисолату-л-аҳд», «Китобу-л-иҳота», «Рисолату-л-насиҳат ав Нурия», «Рисолату-л-фатҳу-л-муштарак» ва ғ. Ин асарҳои Ибни Сабъин дар «Дору-л-кутуб»-и Миср маҳфузанд. Муҳаққиқи араб Абдурраҳмони Бадавӣ аввал се рисолаи ин маҷмӯаро дар Мадрид ва баъд қисми умдаи онро бо унвони «Расоили Ибни Сабъин» дар Миср интишор намуд.
Андешаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Сабъин аз тариқи фалсафа ба олами тасаввуф дохил шуда, фалсафаро шинохти ашёи мавҷуд, маърифати умури илоҳӣ ва инсонӣ талаққӣ кардааст. Ӯ аҳли илмро ба панҷ қисм — фақеҳон, мутакаллимон, файласуфон, суфиён ва муҳаққиқон тақсим кардааст. Ба андешаи Ибни Сабъин, маърифати ҳақиқӣ, ки «айну-л-таҳқиқ» аст, танҳо ба «муҳаққиқон» насиб мегардад. Худованд вуҷуди ҳақиқӣ, иллати аввалу азалӣ ва нури мутлақ мебошад. Олами ҳастӣ файзест, ки аз зоти илоҳӣ ба «қасди аввал» содир мешавад ва он иллати ҳақиқист ва иллате, ки миёни зоту мумкинот ҷорист, «иллати маҷозӣ» ва ё «қасди сонӣ» аст. Ӯ пайрави Мансури Ҳаллоҷ ва тарафдори «ваҳдати вуҷуд» аз тариқи таҷрибаи ботинӣ буд.
Ибни Сабъин ҷаҳлу нодониро маншаи маҳрумияту ақибмондагӣ медонад, бедонишию ғафлатро ҳамчун касодии рӯҳ арзёбӣ мекунад, зеро дар ҷаҳл камоли инсонӣ завол меёбад. Ибни Сабъин ақлро нахустин мавҷуд дар олами ибдоъ ва наздиктарин мавҷуд ба Худованд медонад ва таъкид мекунад, ки шахси ноогоҳ ба масъалаҳои фалсафӣ ва ноошно бо мавозини мантиқӣ аз уҳдаи сулук ва роҳ рафтан ба сӯи олами ирфон барнамеояд. Ибни Сабъин ба ақл мақому манзалати фалсафӣ дода, онро ба дарку дарёфти олами моддӣ ва ҳатто фаротар аз он, то бозгаштан ба зоти хеш имконпазир медонад. Тариқаи Ибни Сабъин аз тариқаи дигар силсилаҳо фарқ дорад ва ин тафовут дар он зоҳир мешавад, ки ӯ дар раванди маърифат ба ҳакимону андешамандони юнонӣ (Суқрот, Афлотун, Афлутин Ҳурмус ва дигарон) ва мусулмонӣ (Ҳаллоҷ, Шиблӣ, Ғаззолӣ, Суҳравардӣ, Ибни Арабӣ ва дигарон) муроҷиат ва истинод менамояд. Тариқаи Ибни Сабъин-ро «сабъиния» меноманд, ки шогирдонаш онро дар Миср интишор дода буданд, вале он бо сабабҳои мушкилнависӣ ва камтар қобили фаҳм будан интишори бештар наёфт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 http://www.pdcnet.org/collection/show?id=islamicphil_2012_0008_0094_0109&file_type=pdf
- ↑ 2.0 2.1 https://pust.urbe.it/cgi-bin/koha/opac-authoritiesdetail.pl?marc=1&authid=85192
- ↑ 3.0 3.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 http://www.oxfordreference.com/viewbydoi/10.1093/acref/9780199754731.013.0198
- ↑ 5.0 5.1 http://link.springer.com/10.1007/978-1-4020-9729-4_229
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Сабъин / М. Ҳазратқулов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.