Jump to content

Ибни Сирин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Сирин
араб. ар. مُحمَّد بن سيرين البصري
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: нависанда, муҳаддис, фақеҳ, муфассир, муаббири хоб
Таърихи таваллуд: 653
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 14 январ 729
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: фиқҳ, илми ҳадис, тафсир ва таъбири хоб[d]
Устодон: Анас ибни Молик, Зайд ибни Собит[d], Абуҳурайра, Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Умар
Шогирдон: Qatādah ibn Diʿāmah[d] ва Ayoub al-Sakhtiyani[d]
Вироиши Викидода

Аббакр Муҳаммад ибни Сирини Басрӣ (ар. أبو بكر محمد بن سيرين البصري‎; 653, Басра14 январ 729, Басра) — ровии ҳадис, муфассир ва таъбиргари хоб.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падарашро Холид ибни Валид дар Айнуттамр, наздикии шаҳри Анбори Ироқ асир гирифт, модараш канизи Абубакри Сиддиқ буд. Анас ибни Молик Ибни Сиринро аз Холид харид ва баъди пардохти маблағи муқаррар озодаш кард. Ибни Сирин муосири Ҳасани Басрӣ ва аз ҷумлаи тобеин буд; бо 30 тан саҳоба, аз ҷумла, Зайд ибн Собит, Абуҳурайра, Абдуллоҳ ибни Зубайр, Ҳузайфа ибни Ямон вохӯрда, аз онҳо ҳадис ривоят кардааст. Ҳадисҳои ривояткардаи ӯ муътамад ба шумор мераванд. Муҳаддисоне чун Шаъбӣ, Авзоӣ, Осими Аҳвал, Молик ибни Динор дар ривояти ҳадис ба ӯ истинод кардаанд. Ба қавли Табарӣ, Ибни Сирин фақеҳ, олим, аҳли вараъ, адиб ва бисёр хушгуфтору садуқ (ростгӯ) буда, аҳли илму фазл бар ин гувоҳӣ додаанд ва ӯ ҳуҷҷат аст.

Китоби «Таъбиру-р-руъё»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибни Сирин китобе нанавишта, балки шогирдонаш аз вай баъзе чизҳоро нақл кардаанд, аммо баъдан осори фаровонеро дар бораи хобгузорӣ ба Ибни Сирин нисбат додаанд. Китоби «Таъбиру-р-руъё» («Таъбири хоб»)-и мансуб ба Ибни Сирин миёни мардум хеле маъруф буда, ба форсӣ низ тарҷума шудааст, аммо муаллифи онро Абдулмалик ибни Муҳаммад Харгӯшии Нишопурӣ, маъруф ба Абусаъди Воиз (фавт 1017) гуфтаанд. Абулфазл Ҳубайш ибни Иброҳими Тифлисӣ (фавт 1232) яке аз манбаъҳои китоби «Комилу-т-таъбир»-и худро «Китоби тақсим»-и Ибни Сирин гуфта, дар таъбири теъдоди зиёди хобҳо ба қавли ӯ истинод кардааст. Аз ҷумла, Тифлисӣ суханони Ибни Сиринро дар бораи роҳу равиши таъбир меорад: «Муаббир бояд ки ному миқдор ва мартабату мазҳаб, сират ва ақлу фаҳми соил (пурсанда) маълум кунад ва вақти дидани хоб, ки дар рӯз дид ё дар шаб, маълум кунад ва нигоҳ кунад, ки соил дар вақти суол чӣ ҳаракат мекунад ва хоб бар чӣ насақ (тартиб) мегузорад ва фасли моҳи порсӣ ва рӯзи моҳи тозӣ бидонад, он гоҳ он чӣ ба савоб наздиктар бошад, таъвил кунад». Ибни Сирин дар хобгузорӣ ва таъбири хоб масал шудааст:

Хоби нӯшини бадандеши ту чандон аст,
К-ибнисирини қазо дам назанад дар таъвил.

Анварӣ

Аз суханони ӯст: «Дар ҳаққи бародарат ситам варзидаӣ, агар бадтарин чизе, ки аз ӯ медонӣ, бигӯӣ ва хубиҳояшро пинҳон дорӣ». «Агар он ки сухан мегӯяд, медонист суханаш алайҳи ӯ навишта хоҳад шуд, кам сухан мегуфт».