Jump to content

Ибни Таймийя

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Таймийя
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: фақеҳ, шоир
Таърихи таваллуд: 1263[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1328[1]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Падар: Shihab ad-Din ibn Taymiyyah[d]
Модар: Sitt al-Ni'am bint Abd al-Rahman al-Harraniya[d]
Ҷанг:

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: фиқҳ, тафсир, илми ҳадис, сиёсат ва шариат[3]
Ҷойи кор: Димишқ ва Қоҳира
Шогирдон: Ибни Қайими Ҷавзия, Заҳабӣ[d], Ибни Касир, Ṣafadī, Khalīl ibn Aybak[d] ва Ибни Фазлуллоҳи Умарӣ[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Ибни Таймийя (ар. ابن تيميَّه‎) Абулаббос Тақийюддин Аҳмад ибни Абдулҳалим ибни Абдуссаломи Димишқӣ (1263[1], Ҳаррон[d], Салтанати Мамолик[d][2]1328[1], Димишқ, Салтанати Мамолик[d]) — шайхулислом, муфассир, муҳаддис, усулӣ ва фақеҳи номдори ҳанбалӣ, аз пешоҳангони ислоҳи динӣ ва донишманди машҳури ҷаҳони ислом.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Улуми исломиро асосан аз падараш, калом, ҳикмат ва хитобаро аз устодони дигар омӯхт. Марде мутафаккир, суханвар, аҳли мунозара ва дар масоили динӣ соҳибназар буд. Пеш аз 20-солагӣ ба фатводиҳӣ ва дар мадрасаи ҳанбалиёни Димишқ — «ал-Мақдисия» ба тадрис пардохт.

Ибни Таймийя ҳам дар фиқҳ ва ҳам дар ақида дар умум аз мазҳаби ҳанбалӣ ва назароти эътиқодии имом Аҳмад пайравӣ мекард, вале тибқи қавоиди усулии он мазҳаб ба иҷтиҳоди мустақил — иҷтиҳод дар шаръ низ пардохтааст. Вай дар риштаҳои мухталифи улуми динӣ ба таҳқиқ пардохт ва ҳудудан дар 120 масъала натиҷаҳои таҳқиқоташ бар хилофи назари ҷумҳур буданд. Ибни Таймийя дар таҳқиқоти худ дар он масоил ба Китоб ё Суннат истинод дошта, онҳоро бо далелҳое аз он сарчашмаҳо собит сохтааст, вале чун дар гуфтани ҳақоиқи илмӣ қатъӣ ва созишнопазир буд ва ба ҷониби мухолифи худ, бахусус уламои замонаш аз мазҳабҳои дигари фиқҳӣ, бо лаҳни тунд бархӯрд мекард, ин амр онҳоро озурда ва ба муқобили вай таҳрик кард. Бо баъзе андешаҳои аҳли тасаввуф низ мухолиф буд, онҳоро бар хилофи Қуръон ва Суннат медонист ва дар радди Ибни Арабӣ, бахусус ва тасаввуф, дар умум, рисолае навишт. Бо вуҷуди ин, бо имомони дин ва пешвоёни мазҳабҳои фиқҳӣ бо эҳтиром бархӯрд карда, дар рисолаи «Рафъу-л-малом ани-л-аиммати-л-аълом» ба мақоми илмии онҳо арҷ ниҳодааст.

Ибни Таймийя ба фалсафаи табиӣ ва риёзии ҳакимони Юнон ва нубуғи фикрии онҳо дар ин маврид эътироф дорад, вале бо фалсафаи мовароуттабиии онҳо ва файласуфон ё донишмандони исломие, ки дар шинохти ақидаҳои исломӣ ва баёни асрори ғайбӣ аз он пайравӣ намудаанд, мухолифат карда, корбасти онро барои шинохти ҳақоиқи ғайбӣ, умури мовароӣ ва баёни зоту сифоти илоҳӣ нодуруст медонист. Ба андешаи ӯ, нубуғи фикрӣ ва хиради башарӣ барои дарки кунҳ (моҳият)-и ин умур нокофӣ аст. Аз сӯи дигар, шариати ислом мавзӯи ақоид ва ҳақоиқи мовароиро норавшан ва печида нагузоштааст, то ба таҳқиқ ва баҳсу қиёсҳои фалсафӣ ниёз дошта бошанд. Дар ин умур танҳо бояд аз сарчашмаи ваҳй, ки аз Олими ғайбу шаҳодат ба мо расидааст, баҳра ҷуст, ба он иктифо кард ва имон овард. Баҳраи ҳукамои Юнон дар маърифати Аллоҳ Таъоло ниҳоят ночиз аст, дар бораи фариштагон, китобҳои осмонӣ ва паёмбарони илоҳӣ чизе намедонанд ва сухане дар нафй ё исботи онҳо нагуфтаанд, танҳо мутааххирине, ки аз милали дигар ба онҳо пайвастаанд, дар ин бора сухан гуфтаанд. Ибни Таймийя дар китоби «Нақзу-л-мантиқ» овардааст: «Сутунҳои фалсафа тасреҳ кардаанд, ки дар улуми илоҳӣ роҳе ба сӯи яқин вуҷуд надорад ва танҳо ба таври муносибтар дар бораи онҳо сухан гуфта мешавад. Пас, онҳоро дар ин маврид набошад, ҷуз пайравӣ аз гумон ва гумон аз ҳақ заррае бениёз насозад. Инҳо, воқеан ҳам, чизеро аз он чи паёмбарон овардаанд, намедонанд ва ба он наздик ҳам нестанд, балки кофирони яҳудӣ ва насронӣ (уламои аҳли Китоб) умури илоҳӣ — маърифати Ҳақ Таъоло, маърифати асмо ва сифоти Ӯ, тавҳиди Ӯ ва ғайраро аз онҳо беҳтар медонанд (зеро инҳо ба китобҳои илоҳӣ ва таълимоти паёмбарон ба гунае шиносоӣ доранд). Фалосифаи Юнон аз ғайбе, ки паёмбарон аз он хабар додаанд ва куллиёти ақлие, ки тамоми мавҷудотро фаро мегиранд ва онҳоро ба таври саҳеҳ тақсим менамоянд, чизе намедонанд». Ибни Таймийя барои фатво дар масъалае ба Миср даъват шуд, вале гурӯҳе аз мардум бар зиддаш бархостанд. Дар натиҷа дар он ҷо зиндонӣ ва ба Искандария интиқол дода шуд. Пас аз муддате озод шуда, соли 1312 ба Димишқ баргашт. Аз он ҷо ки баъзе таҳқиқоти фиқҳӣ ва фатвоҳои вай ба фатвоҳои роиҷи динӣ дар он рӯзгор дар тазод ва бо андешаҳои мутадовили аҳли тасаввуф дар он айём ба гунае мухолиф буданд, баъзе уламои мазҳабҳои дигар ва баъзе суфиён бар зиддаш ба мубориза бархостанд ва дар пайи он соли 1320 ба зиндон афтод. Пас аз озод шудан бори дигар дар Қалъаи Димишқ зиндонӣ шуд ва дар ҳамон ҷо даргузашт. Ба гуфтаи муаррихон, дар ҷанозаи Ибни Таймийя беш аз дусад ҳазор нафар ширкат карданд, ки аз маҳбубияти ӯ миёни мардум ва таъсири андешаҳои вай дар зеҳнияти динии он рӯзгор хабар медиҳад.

Ибни Таймийя бо ҳама тазодҳое, ки бо фазои фарҳанги динӣ ва уламои он рӯзгор дошт, аз пурбортарин муаллифони исломӣ ба шумор меравад. Фатвоҳои ӯ имрӯз дар масоили мубраме, бахусус дар боби талоқ, дар ҷо-ҷои ҷаҳони ислом мавриди амал қарор мегиранд.

Таълифоти Ибни Таймийя-ро дар «ад-Дурару-л-комина» беш аз 4000 дафтар ва дар «Фавоту-л-вафаёт» сесад ҷилд гуфтаанд. Дар «Ҳадияту-л-орифин» номи 70 китоби ӯ зикр шудааст. «ал-Ҷавомеъ» (дар сиёсати илоҳӣ ва муъҷизоти набавӣ), «ал-Фатово» (дар 5 ҷилд), «ал-Имон», «ал-Ҷамъ байна-н-нақли ва-л-ақл», «Минҳоҷу-с-суннат», «ал-Фурқон байна авлиёиллоҳи ва авлиёи-ш-шайтон», «ал-Воситату байна-л-Ҳаққи ва-л-халқ», «ас-Сориму-л-маслул ало шотими-р-расул», «Талхису китоби-л-истиғоса», «Рафъу-л-малом ани-л-аиммати-л-аълом», «Шарҳу-л-Ақидати-л-асфаҳония», «ал-Қавоиду-н-нуронияту-л-фиқҳия», «Маҷмӯъату-р-расоили ва-л-масоил», «ат-Тавассулу ва-л-васила», «Нақзу-л-мантиқ», «ас-Сиёсату-ш-шаръия фӣ ислоҳи-р-роъӣ ва-р-раъия», «ал-Иклил фӣ-л-муташобеҳи ва-т-таъвил», «ат-Тахҷил ли ман баддала-т-Таврота ва-л-Инҷил», «Исботу-л-маоди ва-р-радду ала Ибни Сино» ва «Исботу-с-сифоти ва-л-улувви ва-л-истиво» аз ҷумлаи осори ӯянд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 1. — С. 144.
  2. 2.0 2.1 Али-заде А. Ибн Таймия (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007. — С. 302.
  3. Чешская национальная авторитетная база данных