Ибни Тағрибердӣ
Ибни Тағрибердӣ | |
|---|---|
| ар. يوسف بن تغري بردي الأتابكي اليشبقاوي الظاهري | |
| Таърихи таваллуд | 2 феврали 1410 ё 1411[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 5 июни 1470[2][3] |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
Ибни Тағрибердӣ (ар. ابن تَغْري بِرْدي), Абулмаҳосин Ҷамолуддин Юсуф… ибни Абдуллоҳи Зоҳирии Ҳанафӣ (2 феврали 1410 ё 1411[1], Қоҳира, Салтанати Мамолик ё Амася[1] — 5 июни 1470[2][3], Қоҳира, Салтанати Мамолик[1]) — таърихнигор, пажӯҳишгар ва донишманди турктабор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падари Ибни Тағрибердӣ аз сарлашкарони номдори султони мамлуки Миср Зоҳир Барқуқ (1336‒99) буд, аз ин ҷиҳат ӯро Зоҳирӣ низ гуфтаанд. Ибни Тағрибердӣ назди қозиюлқузоти Миср Ҷалолуддини Билқинӣ ба камол расид ва назди Тақиюддини Мақризӣ низ шогирдӣ кард. Нахуст илмҳои адаб, фиқҳ ва ҳадисро омӯхт, сипас ба омӯзиши таърих пардохт. Дар мусиқӣ, оҳангсозӣ ва саворӣ низ тавоно буд. Ибни Тағрибердӣ илми фиқҳро аз Шамсуддин Муҳаммади Ҳанафии Румӣ, Баҳоуддини Ҳанафӣ ва Бадруддини Айнӣ, наҳвро аз Тақиюддини Шумуннӣ, сарфро аз Алоуддини Румӣ, адаб ва бадеъро аз Шиҳобуддин Аҳмад ибни Арабшоҳи Ҳанафӣ фаро гирифт. Аз Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ ҳадис ва шеър шунид, аз Ибни Қурайҷ, Ибни Бардас ва Ибни Нозир низ ҳадис шунид ва ба вай иҷозати ривоят аз онҳо дода шуд. Мақризӣ, Айнӣ, Абдурраҳмони Заркашӣ, Абдурраҳим ибни Фурот ва дигарон низ ба вай иҷозати ривояти аҳодисро додаанд. Чунончи, ӯ «Сунан»-и Абудовуд, «Ҷомеъ»-и Тирмизӣ, «Шамоили Муҳаммадӣ», «Муснад»-и Ибни Аббос ва ғ-ро аз онҳо шунида, иҷозати ривояти онҳоро дарёфт кардааст. Бо вуҷуди интиқоде, ки баъзе нависандагон, ба монанди Саховӣ, аз таълифоти Ибни Тағрибердӣ доранд, аксари муаррихон ва шарҳиҳолнависон диёнат, хештандорӣ, покдоманӣ, дурӣ аз даргоҳи салотин ва ҳашмату ҳаёи ӯро ситудаанд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Тағрибердӣ дар риштаҳои гуногуни адабӣ, таърих, мусиқӣ ва саворӣ осори зиёде навиштааст. Муҳимтарин таълифоти вай «ан-Нуҷуму-з-зоҳира фӣ мулуки Миср ва-л-Қоҳира» ва «ал-Манҳалу-с-софӣ ва-л-муставфӣ баъда-л-Вофӣ» (дар шарҳи аҳвол), мухтасари он «ад-Далелу-ш-шофӣ ала-л-Манҳали-с-софӣ» мебошанд. Бо ду асари ахир китоби «ал-Вофӣ би-л-вафаёт»-и Сафадиро такмил кардааст. «Мавриду-л-латофат фӣ ман валия-с-салтаната ва-л-хилофат», «Нузҳату-р-роӣ» (дар таърих), «Ҳаводису-д-дуҳури фӣ мада-л-айёми ва-ш-шуҳур» (дар такмилаи китоби «ас-Сулук»-и Мақризӣ), «ал-Баҳру-з-зоҳир фӣ илми-л-авоили ва-л-авохир» (дар таърих), «Ҳиляту-с-сифот фӣ-л-асмои ва-с-синоъот» (дар фунуни адаб) ва «ас-Сукру-л-фозеҳ ва-л-итру-л-фоеҳ» (маҷмӯаи ашъори суфиёна) аз ҷумлаи осори дигари ӯ мебошанд. «Тағрибердӣ» вожаи туркӣ-тоторӣ, тағйирёфта аз «тагривердӣ» ва ба маънои Худодод аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 5 6 https://islamansiklopedisi.org.tr/ibn-tagriberdi
- 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- 1 2 Türkiye Diyanet Vakfı Türkiye Diyanet Vakfı İslâm Ansiklopedisi (тур.) — Ankara: Türkiye Diyanet Vakfı.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Тағрибердӣ / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.