Ибни Тулун
Ибни Тулун | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муаррих |
Таърихи таваллуд: | 1475[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1546[1][2][3] |
Кишвар: | |
Фаъолияти динӣ |
|
Шогирдон: | Ahmad al-Wafai[d] |
![]() |
Абуабдуллоҳ ё Абулфазл Шамсуддин Муҳаммад ибни Тулуни Димишқӣ (ар. ابوعبدالله شمسالدین محمد بن علی بن احمد بن علی بن خمارویه بن طولون دمشقی حنفی; 1475[1][2][3], Димишқ, Салтанати Мамолик[d] — 1546[1][2][3]) — муҳаддис, фақеҳ, адиб ва муаррихи ҳанафӣ; аз насли амирони Тулуни Миср.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳсилоти ибтидоиро назди падараш шайх Абулҳасан Алоуддин ва амакаш қозӣ Ҷамолуддин Юсуф (муфтии доруладли Димишқ) гирифт. Тақр. аз 500 муҳаддис ривоят шунида, аз 35 нафар иҷозати ривоят гирифтааст. Аз тариқи 8 тан ровиёни Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ба иснодҳои ӯ даст ёфтааст. Дар рисолаи шарҳиҳолии худ «ал-Фулку-л-машҳун фӣ аҳволи Муҳаммад ибни Тулун» аз 728 асaраш ёд кардааст, ки 47-тои он ба илми ҳадис бахшида шудааст. Дар рисолаи «ал-Луълуъу-л-манзум фӣ-л-вуқуфи ало мо иштағалту биҳи мина-л-улум» дар бораи 72 навъи илми омӯхтааш маълумот додааст. Шогирдони машҳури ӯ: шайх Исмоили Ноблусӣ ва Шиҳобуддини Вафоӣ. «ал-Барқу-с-сомӣ фӣ теъдоди манозили-л-ҳаҷҷи-ш-шомӣ», «ат-Тиҷону-л-музахрафа фӣ маолими Маккати-л-мушаррафа», «ал-Қалоид», «Баҳҷату-л-аноми фӣ фазоили Димашқи-ш-Шом», «ас-Сабоик фӣ ахбори-л-малоик», «Шарҳу-ш-Шотибия», «Хулосату-л-баён фӣ аймони-л-Қуръон», «Сафинату-т-Тулуния фӣ-л-аҳодиси-н-набавийя», «Шарҳу манзумати Ибн Сино ал-кубро фӣ-т-тиб» ва «Тайсиру-л-аълом би мазоҳиби-л-аиммати-л-аълом» аз ҷумлаи осори ӯ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 https://data.cerl.org/thesaurus/cnp01387862 (ингл.) — Consortium of European Research Libraries.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Тулун // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.