Jump to content

Ибни Тумарт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Тумарт
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: сиёсатмадор, нависанда, фармонраво
Таърихи таваллуд: асри XI[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 20 август 1130(1130-08-20)[2]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Миллат: Masmuda[d]
Эътиқод: ислом, суннӣ, ашъарӣ ва муътазила[d]
Ҷанг:
Ҷойи кор: Khemisset[d]
Шогирдон: Abd al-Mu'min[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Тумарт (ар. أبو عبد الله محمد بن تومرت‎; асри XI[1], Igiliz[d]20 август 1130[2], Tinmel[d], Marrakesh-Tensift-El Haouz[d]) — фақеҳи усулӣ, муддаии маҳдавият ва имомат дар ғарби Марокаш, бунёдгузори силсилаи Муваҳҳидун дар шимоли Африқо.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои таҳсили илм соли 1107 ба Қуртуба рафта, назди Қозӣ Ибни Ҳамдин ва Ибни Ҳузами Андалусӣ дарс хонд. Дар Тунис аз Имом Абуабдуллоҳ Муҳаммад Ибни Алии Мозаррӣ фиқҳ омӯхт ва ҳадис шунид. Дар Искандария назди имоми фақеҳи моликӣ Абубакр Муҳаммад ибни Валиди Туртушӣ ба таълим пардохт. Аз Искандария бо мақсади зиёрати ҳаҷ ба Макка рафт ва муддате дар ин шаҳр таҳсили илм кард. Аз Макка ба Бағдод рафт ва назди Абубакр Муҳаммад ибни Аҳмади Шошӣ фиқҳ ва усул омӯхт. Пас аз 11 соли сафар дар кишварҳои Шарқ боз ба Искандария баргашт ва ба амри маъруфу наҳйи мункар чунон қиём кард, ки волии он маҷбур шуд ӯро аз шаҳр берун кунад. Ибни Тумарт соли 1121 ба Марокаш баргашт ва дар он ҷо низ ба амри маъруфу наҳйи мункар сахт кӯшид. Худро аввал имоми маъсум ва башоратдиҳандаи зуҳури Имом Маҳдӣ, сипас Имом Маҳдии Маъсуми Мунтазар эълон кард. Нисбати хешро ба паёмбар (с) ва Алӣ ибни Абитолиб (а) расонид. Ба амири Марокаш Алӣ ибни Юсуфи Муробитӣ (1106-43) эътироз кард, ки на ҳамаи талаботи шариат дар кишвари вай иҷро мешаванд. Фақеҳони кишвар ба хотири пешгирии балвои Ибни Тумарт фатвои зиндонӣ кардани ӯро содир намуданд, аммо амир танҳо бадарғаашро салоҳи кор дид. Ибни Тумарт ночор ба Тинмалал (дар наздикии зодгоҳаш), ки дар кӯҳсори дастнораси Марокаш мавқеъ дошт, паноҳ бурд. Мардуми зиёде ба ӯ пайвастанд, ки аксаран ҷавонони ноогоҳ буданд. Ибни Тумарт пайравони худро «муваҳҳидун» номид. Сипоҳи бузурге ҳам таъсис дод. Борҳо дар мубориза бо лашкари амир пирӯз шуд, вале оқибат сипоҳи ӯ пурра торумор гардид. Ибни Тумарт дар Тинмалал низомеро пай афканд, ки баъдтар асоси давлати Муваҳҳидунро ташкил дод.

Андешаҳо ва таълимоти динии Ибни Тумарт дар чанд китобу рисолааш ба забонҳои арабӣ ва марокашӣ (забони модарияш) ҷамъоварӣ шудааст: «Ааззу мо ютлаб» ва «Муватта Имом Маҳдӣ». «Ааззу мо ютлаб» муҳтавои суханҳои Ибни Тумарт дар мавзӯи тавҳид ва масъалаҳои ақидатӣ аст, ки наздиктарин шогирд ва халифаи ӯ — Абдулмуъмин онҳоро аз вай шунидаву навиштааст. Китоби дигари Ибни Тумарт — «Муватта Имом Маҳдӣ» (ба забони арабӣ) дар бораи ибодот, муомилот ва ҳудуд буда, бар асоси тарҳи «Мувватта»-и Молик ибни Анас навишта шудааст. Рисолаҳои Ибни Тумарт ба забони марокашӣ: «Тавҳид» (дар бораи шинохти Худованд, илму ҳақиқат, қазо ва қадар, имон ба воҷиботи Худованд, сифоти илоҳӣ ҷузъе аз зоти Худост) ва «Муршидат» (дар боби имомат: имомат рукне аз аркони дин аст; ҳеч замоне холӣ аз имом набудааст; диндорӣ дар эътиқод ба имомат ва эътирофи он аст; имом дар тамоми ҷиҳот маъсум ва барӣ аз ботил аст ва ғ.).

  1. 1.0 1.1 история Марокко
  2. 2.0 2.1 https://pantheon.world/profile/person/Ibn_Tumart