Ибни Туркмонӣ
| Ибни Туркмонӣ | |
|---|---|
| Иттилооти инфиродӣ | |
| Касб, шуғл: | омӯзгор, шоир, адиб, cleric |
| Таърихи таваллуд: | 1284 |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 1348 ё 1349[1] |
| Кишвар: | |
| Эътиқод: | ислом |
Абулҳасан Алоуддин Алӣ ибни Усмон ибни Мустафои Мординии Ҳанафӣ, маъруф ба Ибни Туркмонӣ (ар. ابن تركماني; 1284, Қоҳира — 1349, ҳамон ҷо) — адиб, муҳаддис, фақеҳ, усулӣ ва қозии ҳанафӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҷдоди Ибни Туркмонӣ аз туркманҳои Мордин дар Байнаннаҳрайн (имрӯз дар ҷанубу ғарби Туркия) буданд, ки дар Миср сукунат доштанд. Ибни Туркмонӣ илмҳои адаб, фиқҳ, ҳадис, тафсир ва каломро назди падараш ва аз дигар уламои Миср фаро гирифт. Дар улуми ақлӣ ва нақлӣ, бахусус дар илми ҳадис, пешвои замони худ буд. Муддатҳо тадриси қироатро ба уҳда дошт. Соли 1346 қозиюлқузоти ҳанафиёни Миср таъйин гардид ва то поини умр ба фатво, тадрис ва таълиф машғул буд.
Аз Ибни Туркмонӣ дар фиқҳ, ҳадис ва адаб осоре бар ҷой монда, ки «ад-Дурру-н-нақӣ фӣ-р-радди ала-л-Байҳақӣ» (дар нақди китоби «ас-Сунану-л-кубро»-и Байҳақӣ) аз муҳимтарини онҳост. Дар баъзе осори шарҳиҳолӣ онро «ал-Ҷавҳару-н-нақӣ фӣ-р-радди ала-л-Байҳақӣ» низ ном бурдаанд. «Баҳҷату-л-ариб миммо фӣ китобиллоҳи-л-азизи мина-л-ғариб», «Тахриҷу аҳодиси-л-Ҳидоя», «ат-Танбеҳу ало аҳодиси-л-Ҳидояти ва-л-Хулоса», «ал-Кифоя фӣ мухтасари-л-Ҳидоя», «Манзуматун фӣ-л-кабоир», «Талхису-л-муташобеҳ», «ад-Дуррату-с-санийя фӣ-л-ақидати-с-суннийя», «аз-Зуъафо ва-л-матрукин», «Мухтасару Ибни Салоҳ» (дар ҳадисшиносӣ), «Мухтасару-л-Муҳассал» (дар калом), «ал-Мунтахаб» (дар улуми ҳадис), «ал-Муъталиф ва-л-мухталиф» (дар насабшиносӣ), «Муқаддиматун фӣ усули-л-фиқҳ» ва «Мухтасару рисолати-л-Қушайрӣ» аз ҷумлаи осори дигари ӯст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Туркмонӣ / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.