Jump to content

Ибни Туфайл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Туфайл
ар. أبو بكر محمد بن عبد الملك بن محمد بن طفيل القيسي الأندلسي
Таърихи таваллуд 1110[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1185[4][5][6]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ шоир, фалсафа[7], пизишкӣ[7] ва фаъолияти адабӣ[d][7]
Шогирдон Абӯисҳоқи Битруҷӣ ва Ибни Рушд

Абубакр Муҳаммад ибни Абдумалик ибни Муҳаммад маъруф ба Ибни Туфайл (ар. ابو بكر محمد ابن عبد الملك ابن طفيل‎, 1110[1][2][3][…], Гуодикс[d], Андалус1185[4][5][6], Марокаш[d], Хилофати Муваҳҳидун[d]) — файласуф, табиб, шоир, фақеҳ ва нахустин пешвои фалсафӣ дар Андалус.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вай дар Ғароната зода шуд ва дар ҳамон ҷо аз Абулфазл Ҷаъфар ибни Муҳаммад ва Абумуҳаммад Рушотӣ ва Абдулҳақ ибни Атийа илм омӯхт ва муддате дар ин ҷо ба табобат пардохт. Соли 1144 дар дарбори Абулҳасан ибни Малеҳони Тоӣ роҳ ёфта, чанде табибӣ ва котибӣ кард. Ибни Туфайл дар замони аввалин фармонравоёни силсилаи Муваҳҳидони Мағриб (Марокаш) — Абдулмуъмини Қумӣ (фавт 1169), Абуяъқуб Юсуф (фавт 1184) ва писари ӯ Юсуфи Мансур (фавт 1199) вазир ва табиби дарбор буд. Дар дарбори амир Абуяъқуб бо донишмандону бузургони Андалус, бахусус бо Ибни Рушд, шинос шуд ва ахириро ба навиштани тафсири осори Арасту ташвиқ кард. Ибни Туфайл шогирдони зиёдеро таълим додааст. Нуруддин Битруҷӣ (мунаҷҷим) аз ҷумлаи машҳуртарин шогирдони ӯст.

Ақидаҳои Ибни Туфайл дар бораи ҳастӣ ва маърифат аз унсурҳои ҷаҳонбинии муътазилия, машшоия ва ишроқия ба вуҷуд омадааст. Тибқи ақидаи ӯ, Худо Воҳиду Қодиру Олим аст; Худову олам ҳар ду қадиманд, вале аввалӣ қидами зотӣ ва дуюмӣ қидами замонӣ дорад. Оламро Ибни Туфайл ҷилвае аз айни зоти Худо ва сояе аз нури беоғозу анҷоми Ӯ мепиндорад. Ибни Туфайл ҳамаи сифатҳои Худоро ба ҳақиқати зоти Ӯ мансуб медонад ва дар ин масъала аз таълимоти Афлотун, Арасту ва афкори ирфонӣ таъсир пазируфтааст. Масъалаи судурро бо шеваи навафлотунӣ шарҳ дода, пайдоиши мавҷудоти бешуморро аз Воҳид тавассути таҷаллиёти муттасили нури илоҳӣ тасвир кардааст. Дар масъалаи маърифат Ибни Туфайл бар он аст, ки олам бо ду роҳ дарк мешавад: 1. Тавассути тааммулу таҷриба ва қиёс, ки ақл дар ин раванд нақши муҳим дорад. 2. Ҳадсу ишроқ. Ба андешаи ӯ, дар оғоз бояд аз тариқи баҳсу баёни назар ба ҳақиқат наздик шуд ва сипас аз роҳи кашфу мушоҳида (ҳикмати машриқия) онро дарёфт. Ӯ маърифати ҳосил аз тааққулу тафаккурро бартар аз огоҳӣ аз роҳи дин медонад. Ибни Туфайл ба таҳзиби нафс, ки бо олитарин манбаи маърифат — ҷазба ба охир мерасад, бовар дорад ва таъкид мекунад, ки ҳақиқат на фақат аз тариқи қиёс, балки аз роҳи шуҳуд дар партави нури ботинӣ низ идрок мешавад. Танҳо дар чунин ҳолат нафс аз худ огоҳ шуда, «он чиро, ки ҳеч чашме ҳаргиз надида, ҳеч гӯше ҳаргиз нашунида ва ба ҳеч диле роҳ наёфтааст», таҷриба мекунад. Ӯ дарёфтани ҳақиқатро бо ёрии ваҳйи илоҳӣ талқин карда, зоти Худоро ба нуре монанд мекунад, ки тобишу зуҳури ҳамешагӣ дорад. Ибни Туфайл барои инсоният чаҳор мартаба (ё табақа)-ро қоил аст: 1. Файласуфон, ки олитарин мартабаро доранд. 2. Олимони дину ирфон, ки огоҳии зоҳирӣ ва басирати ботинӣ доранд. 3. Фақеҳон ва касоне, ки ба зоҳири диёнат вобастаанд, вале аз умқу ботини он бехабаранд. 4. Мардуми одӣ.

Ибни Туфайл дар фалсафа, тиб, ҳайат ва ғ. таълифоти бисёр доштааст, аммо то замони мо фақат чанд асари ӯ боқӣ мондааст. Муҳимтарин ва машҳуртарин асари фалсафӣ-ирфонии Ибни Туфайл «Ҳай ибни Яқзон» аст, ки моҳияти он бо рамз баён гардида, бо таъсири осори Ибни Сино таълиф шудааст. Ӯ қаҳрамони асосии асари худ — Ҳай ибни Яқзонро марди ҳакиме тасвир кардааст, ки дар ҷазирае аз ҷаз-ҳои Ҳинд ба танҳоӣ умр ба сар мебарад; мустақилона қонунҳои табиат, моҳияти донишҳои илмиву фалсафӣ, сиришти нафс (равон)-и инсон ва ҷамъиятро (дар робита бо Абсол) дарк карда, ба моҳияти ваҳдат ва шинохти Худованд даст меёбад. Дар симои Ҳай ибни Яқзон Ибни Туфайл раванди инкишофи тадриҷии ақли инсониро аз маърифати олами моддӣ то авҷи баланди маърифати илоҳӣ нишон дода, дар ниҳоят ба хулосае меояд, ки роҳи паймудаи қаҳрамони ӯ бо роҳе, ки дин ва шариат таълим медиҳад, ягона аст; ҳар як инсон метавонад бо ақлу иродаи солим аз таъсири зарарноки таассуботу хурофот берун ояд ва тавассути такомули ақлонӣ ва касби ҳолатҳои ирфонӣ ба саодати дунявиву ухравӣ бирасад. Дар ин асар ҳамчунин масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ кардани ҳайвон ва омӯхтани узвҳои дохили бадани инсон баррасӣ шудааст. Дар ҷавоб ба ин асари Ибни Туфайл Ибни Фориз (асри 13) «ар-Рисолату-л-камолия фӣ-с-сирати-н-набавия»-ро навиштааст. Таъсири он ба инқилоби илмии Аврупо, хусусан ба осори Т. Ҳоббс, Ҷ. Локк, И. Нютон, Д. Дэфо ва ба вуҷуд омадани равияҳои маорифпарварӣ хеле муҳим будааст.

Осори тиббии Ибни Туфайл дар ду ҷилд гирд оварда шудааст; дастхатти «Урҷузату-т-тиббия»-и ӯ дар китобхонаи Қазвин маҳфуз мебошад. Гарсиа Гумас «Урҷузату-т-тиббия» ва як қасида (дар боби сиёсат)-и ӯро дар маҷ. «Маъҳаду-д-диросоти-л-исломия» ба чоп расонид. Ибни Туфайл дар илми ҳайъат низ таълифоте доштааст, ки Ибни Рушд ба он ишора кардааст. Нусхаи хаттии «Асрору-л-ҳикмату-л-машриқия»-и Ибни Туфайл дар китобхонаи Эскориали Испания нигоҳдорӣ мешавад. Ибни Туфайл шеър низ сурудааст. Муҳаққиқони марокашӣ — Ибни Саъид ва Ибни Хатиб намунаҳои шеъри ӯро дар осорашон овардаанд.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Babelio (фр.) — 2007.
  3. 3.0 3.1 CONOR.Sl
  4. 4.0 4.1 Крымский А. Ибн-Тофейль (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1894. — Т. XIIа. — С. 742.
  5. 5.0 5.1 Туфейль (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1902. — Т. XXXIV. — С. 255.
  6. 6.0 6.1 G. W. T. Ibn ·π¨ufail (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 14. — P. 223.
  7. 7.0 7.1 7.2 Чешская национальная авторитетная база данных
  • Ибни Туфайл / М. Ҳазратқулов, А. Шарипов, С. Ҷонбобоев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.