Абдуллоҳ ибни Умми Мактум
Абдуллоҳ ибни Умми Мактум | |
---|---|
араб. ар. عبد الله بن أم مكتوم | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муаззин, дирафшдор |
Таърихи таваллуд: | номаълум |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 636 |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Ҷанг: | |
Самти фаъолият: | даъват[d] |
![]() |
Абдуллоҳ ибни Қайс ибни Зайди Қуршӣ, маъруф ба Ибни Умми Мактум (ар. عبد الله بن أم مكتوم القرشي العامري; номаълум, Макка[1] — 636) — саҳобаи паёмбар Муҳаммад, аз қабилаи Қурайш, писартағои Хадиҷа бинти Хувайлид, яке аз аввалин нафароне, ки исломро қабул кардааст; дуввумин муаззин дар таърихи ислом.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз модари нобино зода шудааст. Модараш Отика бинти Абдуллоҳро Умми Мактум (Модари Нобино) ном мебурданд. Ибни Умми Мактум мавриди таъқиби сахти мушрикони Қурайш қарор гирифта буд. Баъди ҳиҷрат аз Макка ба Ясриб (Мадина) ҳамроҳи Мусъаб ибни Умайр дар байни аҳолии он ҷо исломро таблиғ мекард. Паёмбар (с) Билол ва Ибни Умми Мактумро муаззин таъйин кард, то яке азон ва дигарӣ иқомат мегуфт. Дар моҳи Рамазон бо гуфтани азон яке аз ибтидои тановули хӯроки саҳарӣ ва дигарӣ аз интиҳои он хабар медод.
Дар шаъни Ибни Умми Мактум ду бор оят нозил шудааст. Бори аввал дар Макка ҳангоми сарони Қурайш Утба ибни Рабиа, бародари ӯ Шайба, Амр ибни Ҳишом (Абуҷаҳл), Умайя ибни Халаф ва Валид ибни Муғираро барои пазируфтани ислом таблиғ кардани паёмбар (с). Ибни Умми Мактум ба он ҷамоат наздик шуда, ба паёмбар (с) гуфт:
«Ай фиристодаи Худо! Маро чизе биомӯз, ки Худо туро омӯхтааст!». Паёмбар (с) аз чунин рафтор абру дарҳам кашид ва рӯй гардонид. Ҳамоно баъди суҳбат сураи «Абаса» (Қуръон 80: 1‒16) нозил шуд, ки итоби паёмбар (с) буд бар ивази рафтораш бо Ибни Умми Мактум Бори дуввум дар Мадина баъди ҷанги Бадр ба паёмбар (с) ваҳй нозил шуд дар фазилати саҳобагоне, ки дар ҷанг иштирок мекунанд, бар онҳое, ки дар хонаҳо нишастаанд (Қуръон, 4:95). Ин оят ба Ибни Умми Мактум таъсир кард, зеро бо сабаби нобиноӣ дар ҷангҳо ширкат карда наметавонист. Вай ба даргоҳи Худо дуо кард, то ҷиҳати истиснои беморону нотавонмандон ояте нозил шавад. Пас, идомаи оят нозил шуд ва маъзурон истисно гаштанд.
Паёмбар (с) ҳангоми ба ғазавот рафтан 13 бор Ибни Умми Мактум-ро дар Мадина ҷонишини худ гузоштааст. Бо вуҷуди он ки Ибни Умми Мактум аз ҷанг озод шуда буд, хоҳиш намуд, ки ӯро алам (дирафш)-дори сипоҳи мусулмонон таъйин кунанд. Дар ҷанги Қодисия ӯ аламдори лашкари Саъд ибни Абиваққос буд ва баъди ҷанг дирафш ба даст дар байни кушташудагон ёфт шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Али-заде А. Абдуллах ибн Умм Мактум (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Умми Мактум / М. Шамсов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.