Jump to content

Ибни Фазлон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Фазлон
ар. أحمد بن فضلان
Таърихи таваллуд: тақрибан 879
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: тақрибан 960
Навъи фаъолият: гардишгар, ҷуғрофиёдон, диплумот, мусофир
Забони осор: арабӣ[2][1]

Аҳмад ибни Фазлон ибни Аббос ибни Рашид ибни Ҳаммод (ар. أحمد بن فضلان بن العباس بن راشد البغدادي‎; тақрибан 879, номаълум ё Бағдод[1]тақрибан 960) — адиб, сайёҳ ва ҷуғрофиёдони араб .

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибни Фазлон соли 921 ҳамчун котиб дар ҳайати сафорати халифаи Аббосиён ал-Муқтадир (908—932) ба давлати Булғористони Волга сафар кард. Ин сафар бо ташаббуси шоҳи Булғористони Волга Алмиш Ялтавор (Ҷаъфар ибни Ибдуллоҳ) сурат гирифт. Ӯ ба дарбори хилофати Бағдод сафир фиристода, хоҳиш кард, ки дар мубориза бар зидди хазарҳо ва густариши дини ислом дар Булғористон ба булғорҳо ёрӣ расонанд. Миссияи дипломатии ҷавобӣ, ки дар он Ибни Фазлон иштирок дошт, 21 июни 921 аз Бағдод баромад ва 12 май 922 ба пойтахти Булғористон расид. Роҳи сафирон аз ш-ҳои Эрон ва Осиёи Миёна (Ҳамадон, Рай, Нишопур, Марв, Бухоро) мегузашт. Сентябри 921 Ибни Фазлон дар Бухоро бо ҷуғрофиёдони машҳури Мовароуннаҳр ва вазири дарбори Сомониён (819—1005) Ҷайҳонӣ мулоқот карда, аз тафсилоти роҳи баъдӣ огоҳ шуд. Сафирони хилофат аз Бухоро ба воситаи д. Ҷайҳун (Ому) то Хоразм ва б. Арал ва ба воситаи ш-ҳои Устюрт ва Яик ба Поволжия рафтанд. Ибни Фазлон баъди бозгашт ба Ироқ таассуроти сафарашро дар «Рисола»-аш навишт. «Рисола»-и Ибни Фазлон дар шакли мухтасар боқӣ монда, барои омӯзиши таъриху фарҳанг ва урфу одати форсҳо, хазарҳо, ғузҳо, русҳо, печенегҳо ва дигар халқиятҳо маъхази муҳим мебошад. Нусхаи ягонаи он соли 1923 аз ҷониби шарқшиноси турк Аҳмад-Закӣ Валидӣ Тағӣ дар Машҳад ёфт шуда, соли 1939 бо забонҳои русӣ ва олмонӣ нашр гардид.

Соли 1976 нависандаи амрикоӣ М. Крайтон дар асоси «Рисола»-и Ибни Фазлон романи тахайюлии худ «Мурдахорон»-ро навишт, ки соли 1999 аз рӯи он филми «Сездаҳумин силаҳшӯр» («The 13th Warrior») ба навор гирифта шуд.