Jump to content

Ибни Фориз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Фориз
ар. عمر بن علي بن الفارض
Таърихи таваллуд: 22 март 1181[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1234[2]
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир, файласуф, нависанда
Забони осор: арабӣ[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абуҳафс (Абулқосим) Шарафуддин Умар ибни Алӣ ибни Муршид ибни Алии Мисрӣ, маъруф ба Ибни Фориз (ар. ابن الفارض‎; 1181, Қоҳира — 1235, ҳамон ҷо) — ориф ва шоири мутасаввифи араб.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нисбаи «фориз» ба шуғли падариаш (тақсимкунандаи амволи меросӣ) ишора дорад. Падараш аз шаҳри Ҳамои Сурия буд ва ба зуҳду тақво гароиш дошт. Таҳсили ибтидоиро аз падараш, ҳадисро аз Қосим ибни Асокир ва ал-Мунзирӣ фаро гирифт. Чун ба тасаввуф майлу рағбати зиёд дошт, дар ҷавонӣ бо ризояти падар ба кӯҳи Муқаттам (дар қисми шарқии Қоҳира) рафта, ба гӯшаи узлат нишаст, вале фатҳи ботинӣ барояш муяссар намешуд. Бо ишораи худи ӯ дар қасидаи «Долия», муддати 15 сол дар Ҳиҷоз ба риёзат машғул шуда, дар амалу ақида ҳамчун ориф ба воя расид. Ибни Фориз пир надошт ва ба ягон силсилаи тасаввуф ворид набудааст.

Ибни Фориз бештари осори худро дар Ҳиҷоз навиштааст. Бо дархости пири маънавиаш Шайх Бақкол ба Қоҳира омад ва зуд дар байни аҳли адабу ирфон ном баровард; ҳаводоронаш ба ӯ мақоми «валӣ»-ро нисбат доданд. Мувофиқи иттилои муосиронаш, Ибни Фориз фаъолияташро дар ал-Азҳар идома дод. Ҳам умаро ва ҳам фуқаҳо барои адои эҳтиром ба наздаш меомаданд ва ба ӯ «Султони ошиқон» лақаб дода буданд. Ибни Фориз ашъори эъҷобангезашро бо маъниҳои ирфонӣ ва бо либосу алфози ороста бо санъатҳои бадеӣ сурудааст. Ибни Фориз ҳини вазъ дар ҷомеи ал-Азҳар фавтид. Мазораш дар домани кӯҳи Муқаттам ҳоло ҳам побарҷост.

Ибни Фориз ду қасидаи машҳури тасаввуфӣ — «ал-Хамрия» (мастии ҳосил аз сар кашидани шароби ишқи илоҳӣ) ва «Назму-с-сулук» (васфи сайри соликони тариқат, ки барои иштибоҳ нашуданаш бо дигар «Хамрия»-и бо ҳамин вазну қофия навишташуда онро «Тоияи кубро» низ меноманд) иншо кардааст. Байтҳои қасидаи дуввумро шоир дар ҳолати ҷазаба рӯи коғаз овардааст. Он шомили мафҳуму истилоҳоти ирфонӣ (бақо, фано, ваҷд, ҷамъ ва ғ.) мебошад. Муҳаққиқон қасидаи «Тоияи кубро»-ро нуқтаи олии эҷодиёти Ибни Фориз арзёбӣ кардаанд. Он беш аз 750 байт буда, намоёнгари сулуки маънавӣ ва меъроҷномаи вай ба шумор меравад. Ба ҳар ду қасидаи Ибни Фориз шарҳу тафсирҳои гуногуни лафзӣ, таъвилӣ ва ирфонӣ навишта шудаанд. Шарҳҳои лафзӣ зиёданд, вале аввалин шарҳи таъвилиро ал-Буринӣ навиштааст. Шарҳҳои ирфонии қасидаҳоро Кошонӣ, Қайсарӣ ва Нубулусӣ анҷом дода, матни қасидаҳои Ибни Форизро дар рӯҳи таълимоти ваҳдати вуҷуд тафсир кардаанд. Дар девони Ибни Фориз қасида, ғазал, дубайтиҳои шоир ва дигар навъҳои шеърӣ гирдоварӣ шудаанд.

Ибни Таймия ӯро ҳамчун пайрави таълимоти ваҳдати вуҷуд, иттиҳод ва ҳулул зери тозиёнаи танқид гирифта, ба куфру бединӣ айбдор кард. Рақсу самои суфиёнаи Ибни Фориз ӯро бо Мансури Ҳаллоҷу Садруддини Қуниявӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ дар як радиф гузошт. Ибни Хаҷари Асқалонӣ таъкид карда, ки ашъори Ибни Фориз дар зоҳир ишора ба маъшуқу шамъу парвона дорад, вале дар ботини ашъораш афкори амиқи фалсафаи ирфонии куфромез нуҳуфтааст. Уламои зоҳир қасидаи «Тоияи кубро»-и шоирро ба ҳалвое ташбеҳ додаанд, ки «равғанаш аз заҳри мори афъӣ ҳам бадтар аст».

Ибни Фориз дар ашъораш шаклу мазмунҳои шеъриро чунон устокорона васл кардааст, ки онҳоро ҳам ба мазмуни одӣ ва ҳам ба мазмуни амиқи орифона дарк кардан мумкин аст. Баъзе ашъори Ибни Фориз зери садои мусиқии ромишгарон дар маҷлисҳои самоъ хонда мешуд. Самоъ дар зиндагии рӯҳии шоир маъною мафҳуми бисёр фарох дошт. Қасидаҳои Ибни Фориз ҳамроҳ бо «Фусусу-л-ҳикам» дар ҳалқаҳои сӯфиёни хонақоҳӣ тадрис мешуданд, зеро шарҳу таъбири истилоҳоти ирфонии назариро низ шомил буданд. Зуҳури мактаби Ибни Арабӣ ва таълимоти «ваҳдати вуҷуд» пайравони онро водор месохт, ки ба осори Ибни Фориз таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Баъзе аз муҳаққиқон созгории ашъори ӯро бештар ба ваҳдати шуҳуд қабул карданд, зеро онҳо фонӣ шудани ҳастии шоҳид дар машҳудро ҷузви таркибии таълимоти Ибни Фориз эҳсос кардаанд.

Ба ҷуз мутакаллимони муосираш як гурӯҳ фақеҳон, аз ҷумла Бурҳонуддин Иброҳими Бақоӣ, қозиюлқузоти Қоҳира Ибни Шиҳна ва дигарон Ибни Форизро ба бединӣ ва таблиғи иттиҳоду ҳулул муттаҳам карда буданд. Аввалин касе, ки ҳамроҳ бо Ибни Фориз ба куфру бединӣ айбдораш карданд, Ибни Арабӣ буд, вале мудофеони ин ду саромади аҳли тасаввуф низ пайдо шуданд. Яке аз онҳо Ҷалолуддини Суютӣ буд, ки бархе аз суханони Ибни Форизро дар ҳоли мастиву ғалабаву ваҷд гуфташуда медонист. Қозии шофеимазҳаб Закариё ибни Муҳаммади Ансорӣ дар сафед кардани Ибни Фориз аз туҳматҳои марбут ба фасоди ақидаҳои Ибни Фориз фатво баровард ва баъдан дигар мудофеони ӯ низ ин фатворо дастгирӣ карданд.