Jump to content

Ибни Шокири Кутубӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Шокири Кутубӣ
ар. مُحمَّد بن شاكر بن أحمد بن عبد الرحمٰن بن شاكر بن هٰرون الكُتبي الدَّارانيّ الدمشقيّ
Таърихи таваллуд: тақрибан 1287
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 24 июн 1363
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: муаррих, нависанда, бозаргон
Забони осор: арабӣ
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Салоҳуддин Муҳаммад ибни Шокир ибни Аҳмад ибни Абдурраҳмони Доронии Димишқӣ, маъруф ба Ибни Шокири Кутубӣ (ар. ابن شاكر الكتبي‎; 1282, Дориё, Димишқ — 1363, ҳамон ҷо) — адиб, таърихнигор ва пажӯҳишгар.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Чун ба истинсох (китобат, нусхабардорӣ) ва тиҷорати китоб машғул буд, ба Кутубӣ мулаққаб гардид. Дар Димишқ парвариш ёфта, ҳамон ҷо таҳсил кардааст. Ибни Шокири Кутубӣ аз Ҳаҷҷор ибни Шиҳна, Юсуф ибни Абдурраҳмони Миззӣ ва Заҳабӣ ҳадис шунидааст. Заминаи илму фарҳанги худро бештар аз тариқи китобат ва нусхабардории китобҳои мавҷуд дар мулки худ ба даст овард. Ӯро Ибни Касир дар фанни таърих ягонаи рӯзгор шумурда, Ибни Рофеи Саломӣ ба ҷавонмардӣ ситудааст.

Муҳимтарин таълифи Ибни Шокири Кутубӣ «Фавоту-л-вафаёт» буда, такмилаи «Вафаёту-л-аъён»-и Ибни Халликон аст; дар он шарҳи аҳволи 572 аъломро овардааст. «Уюну-т-таворих» (дар таърихи ислом; 6 ҷилд) ва «Равзату-л-азҳор ва ҳадиқату-л-ашъор» аз ҷумлаи осори дигари ӯст.