Ибни Қайими Ҷавзия
Шамсуддин Муҳаммад ибни Абубакр ибни Айюб ибни Саъдии Димишқӣ, маъруф ба Ибни Қайими Ҷавзия (ар. ابن قيِّم الجوزية; 29 январ 1292, Димишқ[1] — 16 сентябр 1350, Димишқ) — фақеҳ ва мутакаллими ҳанбалӣ, аз пешоҳангони ислоҳи динӣ ва уламои номдори ислом.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бинобар қайим (сарпараст)-и мадрасаи Ҷавзия будани падараш чунин номида шудааст. Ибни Қайими Ҷавзия аз шогирдони Ибни Таймия ва тарафдори андешаҳои динии ӯ буд ва онҳоро сахт таблиғ мекард. Китобҳои устодашро бозбиниву тасҳеҳ ва илми ӯро мунташир кард. Ҳамзамон бо устодаш дар қалъаи Димишқ муддати ду сол маҳбус шуд ва ба сабаби вай мавриди иҳонату шиканҷа қарор гирифт. Ӯро бар уштуре савор дар кӯчаҳои шаҳр мегардонданд ва бо асо мезаданд, то аз афкори Ибни Таймия рӯй гардонад. Ибни Қайими Ҷавзия пас аз вафоти устодаш озод шуд ва ба таълифи осори худ пардохт. Ӯ аз ихтилофи уламо ва мазҳабҳо огоҳ буд ва дар нашри афкори худ аз касе бим надошт. Бо вуҷуди ахлоқи хуш ва рафтори пурнавозише, ки бо мардум дошт, ба уламо ва фуқаҳои замонаш бо лаҳни тунд бархӯрд мекард ва аз шаъни онҳо мекост. Ин кори Ибни Қайими Ҷавзия сабаби адовати баъзе уламо бо вай гардид.
Ибни Қайими Ҷавзия китобхонаи бузурге низ таъсис дод. Фарзандони Ибни Қайими Ҷавзия пас аз вай китобҳояшро мефурӯхтанд ва аз даромади он муддатҳо рӯз мегузарониданд. «Эълому-л-муваққиъин», «ат-Туруқу-л-ҳикамия фӣ-с-сиёсати-ш-шаръия», «Шифоу-л-алил фӣ масоили-л-қазои ва-л-қадари ва-л-ҳикмати ва-т-таълил», «Кашфу-л-ғито ан ҳукми самоъи-л-ғино», «Аҳкому аҳли-з-зимма», «Шарҳу шурути-л-умария», «Туҳфату-л-мавдуд би аҳкоми-л-мавлуд», «Мифтоҳу дори-с-саодат», «Мадориҷу-с-соликин» (дар 3 ҷилд), «Китобу-л-фурусия», «Тафсиру-л-Муаввизатайн», «Тиббу-л-қулуб», «ал-Вобилу-с-саййиб мина-л-калими-т-таййиб», «ар-Рӯҳ», «ал-Фавоид», «Равзату-л-муҳиббин», «Ҳоди-л-арвоҳ ило билоди-л-афроҳ» (дар зикри ҷаннат), «Иғосату-л-лаҳфон», «ал-Ҷавобу-л-кофӣ» (маъруф ба «ад-Доу ва-д-даво»), «Тариқу-л-ҳиҷратайн», «Уддату-с-собирин» ва «Ҳидояту-л-ҳаёро» аз осори барҷоймондаи ӯянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Али-заде А. Ибн аль-Каййим аль-Джаузия (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Қайими Ҷавзия // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 29 январ
- Зодагони соли 1292
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 16 сентябр
- Даргузаштагони соли 1350
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳои исломӣ аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)