Ибни Қудома
Ибни Қудома | |
---|---|
араб. ар. عبد الله بن أحمد بن قُدَّامة بن مقدام العدوي القرشي الجَمَّاعيلي | |
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис, фақеҳ, олим |
Таърихи таваллуд: | 1147[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 28 октябр 1223 |
Маҳалли даргузашт: | |
Эътиқод: | ислом |
Самти фаъолият: | фиқҳ ва илми ҳадис |
Устодон: | Ибни Ҷавзӣ ва Абдулқодири Гелонӣ |
Осор: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
![]() |
![]() |
Муваффақуддин Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Қудомаи Ҷамоилии Мақдисӣ/Димишқӣ, маъруф ба Ибни Қудома (ар. ابن قدامة; 1147[1][2][3][…], Ҷомеъин[d] — 28 октябр 1223, Димишқ) — фақеҳи ҳанбалӣ ва аз уламои бузурги ислом.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Таълими ибтидоии диниро дар Димишқ фаро гирифта, соли 1165 барои идомаи таҳсил бо писархолааш Абдулғании Димишқӣ ба Бағдод сафар кард ва дар он ҷо назди Ҳибатуллоҳи Даққоқ, Ибни Баттӣ, Саъдуллоҳи Даҷоҷӣ ва Абдулқодири Гелонӣ ба касби илм пардохт. Пас аз 4 сол ба Макка ва Мавасил рафта, аз шайхҳои он ҷойҳо ҳадис шунид. Сипас ба Димишқ баргашт ва ба таълифу тадрис машғул шуд. Ӯ дар масҷиди ҷомеи Музаффари Димишқ дарс медод, ҳадис мегуфт ва рӯзҳои ҷумъа хутба мехонд. Ибни Қудома дар замони худ садорати илмӣ ва фатво бар асоси мазҳаби ҳанбалиро дар даст дошт; аз ҷиҳати илмӣ дар радифи пешвоёни номии он, ба мисли Абдуллоҳ ибни Аҳмад ва дигарон қарор дошт. Осори динии Ибни Қудома, бахусус китоби «ал-Муғнӣ», аз матнҳои муътабари мазҳаби ҳанбалӣ ба шумор мераванд. Ибни Қудома дар айни пайравии комил аз мазҳаб ба таҳқиқ дар масъалаҳое пардохта, дар истинботи баъзе аҳкоми фиқҳӣ бевосита ба ду сарчашмаи аввали шаръ — Қуръон ва Суннат руҷӯъ кардааст. Ӯ ҳадисҳоеро, ки ба сиҳҳати онҳо итминон ҳосил карда буд, бар назароти соҳиби мазҳаб тарҷеҳ додааст. Ибни Қудома дар ҷангҳои Салоҳуддини Айюбӣ бар зидди салибиён низ ширкат кардааст.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Қудома дар риштаҳои гуногуни улуми динӣ осори бисёре таълиф кардааст. Дар «Ҳадийяту-л-орифин» номи 23 китоби ӯ зикр шудааст. Муҳимтарин таълифоти чопшудаи Ибни Қудома: «ал-Муғнӣ» (шарҳе бар «Мухтасар»-и Хирақӣ; дар фиқҳ), «Равзату-н-нозир» (дар усули фиқҳ), «ал-Муқнеъ» (дар ду ҷилд), «Замму мо алайҳи муддаъу-т-тасаввуф», «Замму-т-таъвил», «Замму-л-мувасвасин» ва «Лумъату-л-эътиқод». «Китобу-т-таввобин», «ат-Табйин фӣ ансоби-л-қурашиййин», «ал-Кофӣ» (дар фиқҳ; дар 4 ҷилд), «ал-Умда», «ал-Қадар» (2 ҷузъ), «Фазоилу-с-саҳоба» (2 ҷузъ), «ал-Мутаҳоббина филлоҳи таъоло», «ар-Риққат» (дар ахбор ва сифоти солеҳон), «ал-Истибсор фӣ насаби-л-ансор» ва «ал-Бурҳон фӣ масоили-л-Қуръон» аз ҷумлаи осори чопнашудаи ӯянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Faceted Application of Subject Terminology
- ↑ 2.0 2.1 https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/305100 (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Қудома / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.