Ибни Қузмон
Ибни Қузмон | |
|---|---|
| Таваллуд |
1078[1] ё 1086[2] |
| Даргузашт |
2 октябр 1160[1] |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Навъи фаъолият | шоир |
| Жанр | заҷал[d] |
| Забони осор | арабӣ[1] |
Абубакр Муҳаммад ибни Абдулмалик ибни Қузмон (ар. أبو بكر بن قزمان; 1078[1] ё 1086[2], Қуртуба, Андалусия — 2 октябр 1160[1], Қуртуба, Андалусия) — шоири араб.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷавонӣ ҳофизу таронасарои сайёр буд ва дар жанри мувашшаҳоти халқиву заҷал (наво) маҳорат дошт. Ибни Қузмон шумори абёти заҷалро, ки пеш аз вай ба шакли қитъа суруда мешуд, ба теъдоди абёти қасида расондааст. Девони ӯро калиди вазнҳои сурудҳои андалусӣ меноманд. Танҳо муқаддимаи девони ӯ дар чаҳорчӯби забони адабӣ таълиф шудааст, аммо шеърҳояш ба шеваи гуфтори мардумӣ иншо шудаанд. Дар ашъораш вожаю таъбирҳои испанӣ ва лотинӣ бисёранд. Ибни Қузмон дар адабиёти араб ҷои намоёнро ишғол мекунад. Ӯ ба лирикаи бармаҳали провансалӣ ва тавассути он ба қисми зиёди назми аврупоӣ таъсир расонидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 https://www.biografiasyvidas.com/biografia/q/quzman.htm
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Қузмон / Ҳ. Наққош // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони соли 1078
- Зодагони соли 1086
- Зодагони Испания
- Даргузаштагони 2 октябр
- Даргузаштагони соли 1160
- Даргузаштагони Испания
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо