Ибни Қутлубуғо
Ибни Қутлубуғо | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муаррих, илоҳиётшинос, legal scholar |
Таърихи таваллуд: | 1399[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1474[1][2][3] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
![]() |
Ибни Қутлубуғо)ар. ابن قطلوبغا; 1399, Қоҳира — 1474, ҳамон ҷо) — таърихнигор, фақеҳ, усулӣ ва муҳаққиқи ҳанафӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҷавонӣ Қуръонро ҳифз кард ва назди уламои машҳури замон, ба мисли Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Иззуддин ибни Ҷамоа, Сироҷуддин, маъруф ба Қории «Ҳидоя» ва Шарафуддини Субкӣ ба таҳсили улуми ҳадис, тафсир, фиқҳ, усул ва маорифи динӣ пардохт. Бештар таҳти таъсири таҳқиқот ва назароти фиқҳии Ибни Ҳумом қарор гирифта буд. Илмҳои таҷвидро аз Заротитӣ, қисмате аз тафсирро аз Алои Бухорӣ, ҳадисро аз Тоҷаҳмади Фарғонӣ, Ибни Ҷазарӣ, Бусирӣ ва Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, фиқҳро аз Маҷди Румӣ, Шарафи Субкӣ ва дигарон фаро гирифта, аз устодаш Тоҷаҳмади Фарғонӣ «Ҷомеъу масониди Абиҳанифа»-и Хоразмӣ ва «Улуму-л-ҳадис»-и Ибни Салоҳро шунид. Барои идомаи таҳсил ба Искандария, Байтулмуқаддас ва Шом рафта, борҳо адои фаризаи ҳаҷ кард. Муддате дар мадрасаҳои Бейбарсия ва Ҷадовии Миср ба тадрис машғул шуда буд. Саховӣ, Ибни Шиҳна ва Ибни Зоҳири Носирӣ аз шогирдони машҳури ӯянд. Раёсати мазҳаби ҳанафӣ дар диёри Миср дар он замон пас аз Ибни Ҳумом ба дасти вай буд.
Мутобиқи сарчашмаҳои таърихӣ, Ибни Қутлубуғо дар риштаҳои мухталифи илм тақр. 120 асар таълиф кардааст, ки ҳудуди 40-тои онҳо то замони мо боқӣ мондаанд. Муҳимтарин таълифоти чопшудаи И. Б.: «Тоҷу-т-тароҷим» (дар шарҳи аҳвол ва табақоти фақеҳони ҳанафӣ), «Ғарибу-л-Қуръон», «Тақвиму-л-лисон» (дар 2 ҷилд), «Нузҳату-р-роиз фӣ адиллати-л-фароиз», «Талхису давлати-т-турк», «Тароҷиму машоихи-л-машоих», «Тароҷиму машоихи шуюхи-л-аср» (нопурра), «Муъҷаму шуюхиҳи», «ал-Қирооту-л-ашр», «ал-Фатово», «Шарҳу мухтасари-л-Манор» (дар усули фиқҳ), «Буғяту-р-рошид фӣ тахриҷи аҳодиси Шарҳи-л-ақоид» (дар тахриҷи аҳодиси «Ақидаи Насафӣ»), «Итҳофу-л-аҳё би мо фота мин тахриҷи аҳодиси-л-Эҳё» (дар тахриҷи аҳодиси «Эҳёу-л-улум»-и Ғаззолӣ), «Мизону-н-назар» (дар мантиқ), «Шарҳу Масобеҳи-с-суннати Бағавӣ» ва «Шарҳу Дурари-л-биҳори Муҳаммади Қунявӣ» (дар фурӯи фиқҳ), «ал-Мусомара би шарҳи-л-Мусояраи Ибни Ҳумом», «Ман раво ан абиҳи ан ҷаддиҳи», «Муняту-л-алмаъӣ фӣ мо фота мин тахриҷи аҳодиси-л-Ҳидоя» ва «Муҷиботу-л-аҳком ва воқеоту-л-айём».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Record #100375057 // VIAF(бис.) — [Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
- ↑ 2.0 2.1 https://data.cerl.org/thesaurus/cnp00319755 (ингл.) — Consortium of European Research Libraries.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Қутлубуғо / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.