Jump to content

Ибни Ҳайёни Қуртубӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ҳайёни Қуртубӣ
ар. حيَّان بن خلف بن حُسين بن حيَّان بن مُحمَّد القُرطُبي
Таърихи таваллуд 987[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт октябри 1076[1]
Шогирдон Abd al-Malik ibn al-Siraj[d]

Абумарвон Ҳайён ибни Халаф ибни Ҳайёни Қуртубӣ (ар. ابو مروان حیان بن خلف بن حسین بن حیان القرطبی‎; 987[1], Қуртуба, Андалусияоктябри 1076[1]) — таърихнигор, адиб ва шоири андалусӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи ашроф. Бобокалонаш — Ҳайёни Қуртубӣ ходими дарбори Абдурраҳмон ибни Муовия (ҳукмронӣ 756—788) ва падараш Халаф дабири ал-Мансур (ҳукмронӣ 978—991) буданд. Ибни Ҳайён дар назди донишмандони шаҳри Қуртуба Абуҳафс ибни Нобили Қуртубӣ (фавт 1011), Абилҳубоб Абуумари Қуртубӣ (фавт 1009) ва дигарон таълим гирифта, ба таърих ва таърихнигорӣ таваҷҷуҳ дошт. Ибни Ҳайён дар аҳди ҳукумати намояндагони хонадони Ҷаҳвариён (1031—1070) Абувалид Муҳаммад ибни Ҷаҳвар (1044—1059) ва писараш Абдулмалик (1059—1070) вазир ва таърихнависи дарбор буд.

Пас аз таназзули ҳукумати хонадони Ҷаҳвариён (1070) Ибни Ҳайён ба таълифи асарҳои таърихиаш «ал-Муқтабас фӣ таърихи Андалус» (10 ҷилд), «ал-Матин» (40 ҷилд), «Ахбору-д-давлати-л-омирийя», «ал-Батшату-л-кубро», «Фуқаҳоу Қуртуба» ва асарҳои дигар машғул шуд. Осори таърихии Ибни Ҳайён дар асоси маъхазҳои хаттӣ, асноди дарборӣ, мактубҳои расмӣ, нақли қавли шоҳидони замон ва мушоҳидаҳои шахсии муаллиф таълиф шуда, матни комили онҳо пайдо нашудааст. Муаррихони Андалус, аз қабили Ибни Башкувол (1101—1083), Ибни Бассом (1058—1147), Ибни Аббор (1099—1260), Ибни Хатиб ва дигарон асарҳои таърихии худро зери таъсири осори Ибни Ҳайён таълиф кардаанд. Дастхатти баъзе бахшҳои ҷудогонаи «ал-Муқтабас фӣ таърихи Андалус» аз ганҷинаи нусхаҳои хаттии ҷаҳонӣ пайдо ва дар Порис (1937), Бейрут (1971) ва Мадрид (1979) чоп шудаанд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.