Jump to content

Ибни Ҳанноӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ҳанноӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: нависанда, илоҳиётшинос, legal scholar
Таърихи таваллуд: 1510[1][2]
Таърихи даргузашт: 1572[1] ё 1571[2]
Кишвар:
Вироиши Викидода

Алоуддин Алӣ ибни Амруллоҳ Ҳамидӣ ибни Ҳанноӣ (ар. علاءالدين علي بن أمرالله الحميدي ابن الحنائي‎), маъруф ба Қинолизода (1510, Сборта — 1571, Адерна) — адиб, фақеҳ, таърихнигор ва муҳаддис.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Илмҳои маъмули замон ва улуми диниро назди Мавло Муҳйиддин Маълул, Муҳйиддини Марҳабо, Мавло Ҷӯйзода, Мавло Синон, Мавло Солеҳи Асвад, Шиҳобуддини Тибӣ ва Муҳйиддин Фанорӣ фаро гирифт. Сипас дар мадрасаҳои Ҳусомия (дар Адерна), Амир Ҳамза ва Ибни Валиюддин (дар Бруса), Рустам-бошо (дар Кӯтоҳия) ва баъд дар яке аз мадрасаҳои ҳаштгонаи маъруф дар Истанбул ва ниҳоят дар яке аз ду мадрасае, ки султон Сулаймон бино кард, ба тадрис пардохт. Соли 1562 қозии Димишқ таъйин шуд ва муддати 4 сол дар ин мансаб кор кард. Пас аз он ба ҳайси қозии Бруса, қозии Истанбул ва қозии Анатолӣ фаъолият кард. Шамсуддини Азмӣ, Шарафуддини Нуъмонӣ, Шамсуддини Темуртошӣ, Шамсуддин ибни Ҳилол ва Шиҳоби Хаффоҷӣ аз ҷумлаи машҳуртарин шогирдони ӯянд.

Ибни Ҳанноӣ дар риштаҳои гуногуни илм ба забонҳои туркӣ, форсӣ ва арабӣ асарҳои адабӣ ва таърихӣ навиштааст. Муҳимтарин таълифоти ӯ «Ахлоқи Алоӣ» (ба туркӣ; дар навъҳои ҳикмати амалӣ, манзилӣ ва маданӣ) ва «ал-Исъоф фӣ аҳкоми-л-авқоф» буда, бар «ал-Ашбоҳ ва-н-назоир»-и Ибни Нуҷайм, «Ҳошияти Чалабӣ» (ало «Шарҳи-л-мавоқиф»), «Анвори-т-танзил»-и Байзовӣ, «Шарҳу-л-Ҷомӣ ала-л-Кофия» (дар наҳв), «ад-Дурар ва-л-ғурар», китоби «Кароҳият»-и «Ҳидоя» ва «ал-Кашшоф» ҳошия навиштааст. «Шарҳу қасидати-л-„Бурда“», «Китобу-л-муншаот», «Нузҳатнома» (манзумае ба туркӣ), «Таҳзибу-ш-шақоиқ фӣ тақриби-л-ҳақоиқ» ва «Табақоту-л-ҳанафия», маъруф ба «Табақоти Ҳанноӣ» аз ҷумлаи осори Ибни Ҳанноӣ мебошанд.