Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ
| Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ | |
|---|---|
| араб. ар. ابن حجر الهيتمي ар. Ibn Hajar al-Haytami | |
| | |
| Иттилооти инфиродӣ | |
| Касб, шуғл: | муҳаддис, фақеҳ, муаррих, нависанда, донишвар, омӯзгор |
| Таърихи таваллуд: | феврали 1504 |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | феврали 1566 |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Маҳалли дафн: | |
| Кишвар: | |
| Эътиқод: | ислом, суннӣ ва ашъарӣ |
| Самти фаъолият: | фиқҳ, илми ҳадис, тафсир, илми калом ва омӯзгор |
| Маълумот: | |
| Устодон: | Zakariyya al-Ansari[d] ва Shihab al-Din al-Ramli[d] |
| Шогирдон: | Muhammad ibn Najm al-Din al-Salehi[d], Мулло Алӣ Қорӣ, Ali ibn Abd-al-Malik al-Hindi[d] ва Muḥammad Ṭāhir Pattanī[d] |
| Осор: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
| Лоиҳаҳои алоқаманд: |
|
Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ (ар. أحمد بن محمد بن علي بن حجر الهيتمي; феврали 1504, Ҳаётим[d], Вилояти Ғарбия — феврали 1566, Макка, Ҳабаш[d]) — фақеҳ, муҳаддис, таърихнигор ва донишманди шофеимазҳаб.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобокалонаш кам сухан мегуфт, аз ин рӯ, «ҳаҷар» (санг) лақаб гирифт ва Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ бо номи Ибни Ҳаҷар маъруф шуд. Нисбатҳои «Ҳайтамӣ» ва «Саъдӣ» аз маҳаллаи Абулҳайтам ва қабилаи банӣ Саъд дар Миср гирифта шудаанд. Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ дар овони кӯдакӣ Қуръон ва қадре аз «Минҳоҷ»-и Нававиро ҳифз кард. Баъди фавти падар ва бобояш сарпарастии ӯро донишмандони бузурги он рӯзгор ‒ Шамсуддин ибни Абиҳамоил (фавт 1526) ва Шамсуддини Шиноварӣ, ки устодони падараш буданд, ба уҳда гирифтанд. Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ аз онҳо улуми муқаддамотиро омӯхт. Соли 1518 дар синни 14-солагӣ ба ал-Азҳар рафта, бо донишмандони Миср ҳамнишин шуд ва аз шогирдони Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дониш омӯхт. Дар ҳамин айём усул ва фурӯи фиқҳ, ҳадис, тафсир, адабиёт, мантиқ, ҳисоб, тасаввуф ва фароизро фаро гирифт. Муддате дар назди олимон Абдулҳаққи Сунботӣ (фавт 1525) ва Муҳаммад ибни Солими Табловӣ (фавт 1559) ба касби илм машғул буд. Соли 1527 барои адои ҳаҷ ба Макка сафар карда, як соли дигар дар он ҷо монд. Соли 1534 бори дуввум ба Макка рафта, он ҷо муқим ва ба таълиму фатводиҳӣ машғул шуд.
Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ дар рӯзгори худ аз мартабаи волое бархӯрдор буд ва дар сарзамини Ҳиҷоз имомони вақт ба ӯ иқтидо мекарданд. Ҳатто Ҳумоюн ‒ подшоҳи муғули Ҳинд низ аз Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ хост, то китобе дар радди бадгӯёни Муовия таълиф кунад. Назариёти Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ мавриди интиқоди шадиди уламои аср қарор мегирифт, чунонки фатвоҳои ӯро дар китоби «Қавотеъу-л-ислом» куфр шумурдаанд. Муфтӣ Забид ибни Зиёд (фавт 1568) ба китоби «Куррату-л-айн»-и ӯ эрод гирифт ва Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ дар дифоъ аз худ китобҳое навиштааст. Ибни Ахдаб ва муфтии Макка Муҳаммад ибни Абдулазизи Замзамӣ аз ҷумлаи шогирдони ӯянд.
Маъруфтарин асари Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ «ал-Хайроту-л-ҳисон фӣ маноқиби-л-Имоми-л-Аъзам Абиҳанифата-н-Нуъмон» дар бораи маноқиб ва таълимоти Имоми Аъзам аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.