Jump to content

Ибни Ҳишом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ҳишом
араб. ар. ابن هشام
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муаррих, зиндагиноманавис, нависанда
Таърихи таваллуд: асри VIII[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 828[2] ё 8 май 834(0834-05-08)[1]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: таърих ва сира[d]
Осор:
Вироиши Викидода

Абумуҳаммад Абдулмалик ибни Ҳишом ибни Айюби Ҳимярӣ (ар. أبو محمد عبد الملك ابن هشام بن أيوب الحميري‎; асри VIII[1], Басра828[2] ё 8 май 834[1], Миср) — муҳаддис, таърихнигор, адиб, насабшинос ва сиранависи маъруф.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар насаби Ибни Ҳишом қавли маъхазҳо мухталиф аст. Қадимтарин манбаъ Ибни Ҳишомро ба ҳимяриёни Яман нисбат медиҳад, аммо Қифтӣ ин назарро бунёдёфта ба ҳадсу гумон ва ӯро зуҳлӣ (мансуб ба Зуҳл ибни Муовия ‒ тирае аз Кинда) мешуморад. Заҳабӣ зуҳлӣ будани Ибни Ҳишомро саҳеҳтар медонад. Баъзеҳо ӯро маофирӣ ва садусӣ донистаанд. Азбаски аксари риҷоли санади Ибни Ҳишом дар сира аз мардуми Куфа ва Басраанд, ӯ мебоист бахши муҳимме аз зиндагӣ ва омӯзиши худро дар ин шаҳрҳо гузаронида бошад.

Ибни Ҳишом дар ҷавонӣ аз устодоне чун Абуубайда ибни Маъмур ибни Мусанно, Абузайди Ансорӣ, Халафи Аҳмар, Ҳайсам ибни Удай ва Асад ибни Мусои умавӣ ҳадис омӯхт. Ӯ барои омӯзиши илм ба Миср рафта, то поёни умр дар ҳамон ҷо зист. Аз олимону шайхҳои бузурги Миср илмҳои таърих, ансоб, сира, фиқҳ ва ҳадисро фаро гирифт. Ибни Ҳишом дар шеъру адаб низ дасти тавоно дошт. Соли 814 ҳангоми вуруди имом Шофеӣ ба Миср Ибни Ҳишом бо ӯ мулоқот кард ва онҳо барои ҳам ба иншоди шеър пардохтанд.

Асари машҳури Ибни Ҳишом «ас-Сирату-н-набавия», ки «Сираи Ибни Ҳишом» низ хонда мешавад, муҳимтарин таълиф дар бораи сираи паёмбар Муҳаммад аст. Асари дигари Ибни Ҳишом «ат-Тиҷон фӣ мулуки Ҳимяр» аст, ки бо номҳои «ат-Тиҷон ли маърифати мулуки-з-замон фӣ ахбори Қаҳтон» ва «Шарҳу ансоби Ҳимяр ва мулукиҳо» низ ёд мешавад.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Цифровая библиотека «Персей» — 1987.