Ибни Ҳонӣ
Ибни Ҳонӣ | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд: | 934 ё 936 |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 972[1] |
| Навъи фаъолият: | нависанда, шоир |
| Забони осор: | арабӣ[2] |
Ибни Ҳонӣ (ар. ابن هانئ), Абулқосим ё Абулҳасан Муҳаммад ибни Ҳонӣ-ал-Аздӣ ал-Андалусӣ (934 ё 936, Севиля — 972[1]) — шоири араби аҳли Испониё.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]То синни 27-солагӣ дар Ишбилия умр ба сар бурдааст. Ибни Ҳонӣ. шоири озодандеш буд. Ибни Ҳониро ҳомиёни дин барои озодфикрӣ ва ақидаҳои ҷасуронааш ба зиндиқӣ айбдор карданд ва ӯ Ишбилияро тарк карда, ба Мағриб ва аз он ҷо ба Миср рафт. Аз Ибни Ҳонӣ девоне боқӣ мондааст, ки аз қасида, ҳаҷвия ва марсия иборат аст. Дар ашъори Ибни Ҳонӣ панду ҳикмат ва афкори фалсафӣ мавзӯи асосист. Ӯ санъати муболиғаро бисёр истифода кардааст. Қисми насиб — муқаддимаи ишқии қасидаҳо ва марсияҳояш хеле моҳирона суруда шудаанд. Мардуми Ғарб Ибни Ҳониро «Мутаннабии Мағриб» номидаанд. Девони шоир борҳо (аз ҷумла соли 1884 дар Миср) ба табъ расидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 (unspecified title) — OpenITI.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Ҳонӣ / Ҳ. И. Наққош, Х. Шоихтиёров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.