Ибни Ҷабирол
![]() | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 1021[1][2][3][…], 1020[4] ё 1021 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тақрибан 1058[4], тақрибан 1057[4] ё 1070 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа ва Neoplatonism[d][6] |
![]() |
Ибни Ҷабирол (ар. ابن جبیرول), Абуайюб Сулаймон ибни Яҳё (лот. Avicebron; номи ибриаш Shlomo ben Yehuda ibn Gabirol; тақрибан 1021[1][2][3][…], 1020[4] ё 1021, Молого, Андалусия[4][5] — тақрибан 1058[4], тақрибан 1057[4] ё 1070, Валенсия (шаҳр)[4]) — нахустин файласуфи яҳудии Андалус ва шоир.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Ҷабирол дар Сарагоса илмҳои ақлӣ ва диниро омӯхт; ба фалсафа ва ирфони яҳудӣ таваҷҷуҳи бештар дошт. Асарҳои фалсафии худро ба арабӣ ва шеъру муноҷоти диниашро ба ибрӣ менавишт. Ибни Ҷабирол бо шеъри ибрии ниёишии худ дар миёни орифони яҳудӣ шуҳрат дошт. Ӯ зимни баёни назариёти фалсафии худ ба мазмуни қисми дуоҳои «Китоби муқаддас» талмеҳан ишора кардааст. Бузургтарин асари ӯ «Тоҷи малакут» шеъри ниёишӣ-ирфонӣ аст. Дар он ақидаҳои фалсафии Ибни Ҷабирол низ дарҷ шудаанд. «Янбуъу-л-ҳаёт» (ба арабӣ) асари фалсафӣ-ирфонии Ибни Ҷабирол буда, тарҷумаи ибрии он боқӣ мондааст. «Ислоҳу-л-ахлоқ» дар боби маншаъ, ҳадаф ва бояду набоядҳои рафтори инсон буда, матни арабии ин асар боқӣ мондааст.
Машраби фалсафии Ибни Ҷабирол навафлотунӣ буд. Ба андешаи ӯ, вуҷуди зоти азалӣ, ягона ва номутаноҳӣ амри мусаллам ва пурсишнопазир аст. Ибни Ҷабирол бар ин бовар аст, ки нахустчизи содиршуда моддаи куллия ва сурати куллия буда, бақияи мавҷудот аз он ду ташкил шудаанд. Зоти ҷавҳарҳои ақлӣ ва ҷисмониёт низ аз ин модда ва сурати куллия ба вуҷуд омадаанд, ғайр аз зоти илоҳӣ, ки худ масдари онҳост. Ибни Ҷабирол дар пайравӣ аз Афлутин мегӯяд, ки «Фаъоли аввал» на модда аст ва на сурат. Воситаи ин судур сифати ҳикмат ва «иродаи илоҳӣ» аст. Ибни Ҷабирол бо ин роҳ масъалаи иртиботи ваҳдат ва касратро дар силсилаи хилқат ҳал мекард. Ӯ муътақид ба вуҷуди ҷавҳари басит ва восита миёни мақулоти нуҳгонаи мукассаре аст, ки истеъдоди судури мустақим аз зоти басити илоҳиро надорад. Ибни Ҷабирол ҷавҳарҳои басити «нафси куллия» ва «ақли куллия»-ро воситаи судур ва баподорандаи ҷавҳари ҷисмонӣ ва василаи иттиҳоду иттисолро «иродаи илоҳӣ» медонист. Аз нигоҳи Ибни Ҷабирол, таърифи комили «иродаи илоҳӣ» ғайриимкон буда, он қувваи илоҳиест, ки модда ва суратро ибдоъ ва пайванд мекунад, ҳамон сон, ки рӯҳ дар тан гузаранда (сорӣ) ва ҷунбонандаи он аст.
Ибни Ҷабирол ҳаёти махлуқро масали нури чашм медонад, ба ин далел, ки нур ҳам дар пайдоиш ва ҳам дар бақо вобастаи чашм аст. Ба андешаи ӯ, масали чашм на Зоти илоҳӣ, балки қувваи содираи Худованд аст. Зоти илоҳӣ ба сабаби моҳияти ҳайвонӣ доштани инсон шинохтнопазир, аммо Худованд аз тариқи осор ва афъолаш қобили шинохт мебошад.
Ибни Ҷабирол ҳадафи ғоии ҳастиро инсон қарор дода, ташаккули рӯҳии ӯро асос барои расидан ба олами ақл ва аз он ба «хайри маҳз» — Худо меҳисобид. Тибқи эътиқоди ӯ, шинохти ҷаҳон ва пиндору рафтори хуб (динӣ ва дунявӣ) инсонро кумак мекунад, ки бар нафси ҳайвонии худ чира шуда, рӯҳашро аз банди моддиёт бираҳонад, то ба олами уқул (ақлҳо) ба саодат бирасад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 hymnary.org — Calvin Theological Seminary, Christian Classics Ethereal Library.
- ↑ 2.0 2.1 https://pust.urbe.it/cgi-bin/koha/opac-authoritiesdetail.pl?marc=1&authid=51596
- ↑ 3.0 3.1 https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/21042 (ингл.)
- ↑ 4.00 4.01 4.02 4.03 4.04 4.05 4.06 4.07 4.08 4.09 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 189. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ 5.0 5.1 Маймун И. דלאלה אלחאירין / тарҷумаи S. i. Tibbon, Y. Alharizi, Y. Qafih, M. Schwarz, H. Gershuni, M. Friedländer, S. Pines — 1190. — С. 339.
- ↑ https://www.uco.es/ucopress/ojs/index.php/mediterranea/article/view/14152/12856
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Ҷабирол / Ш. Холисов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони соли 1021
- Зодагони соли 1020
- Зодагони Испания
- Даргузаштагони соли 1058
- Даргузаштагони соли 1057
- Даргузаштагони соли 1070
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо