Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ибни Ҷазла

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ҷазла
Таърихи таваллуд асри XII
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1 июн 1100
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абуалӣ Яҳё ибни Исо ибни Ҷизлаи Бағдодӣ (ар. أبو علي يحيى بن عيسى بن جزله البغدادي‎‎; асри XII, Бағдод1 июн 1100) — табиби маъруфи араб.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замони ҳукмронии халифаи аббосӣ ал-Муқтадӣ (1074-94) дар Бағдод зиндагӣ ва фаъолият карда, бисёре аз китобҳояшро ба исми ин халифа таълиф кардааст. Ибни Ҷизлаи Бағдодӣ дар ибтидо масеҳӣ буд, сипас ислом оварда, аз мусулмонони хеле ботақвову парҳезгор шуд. Баъд аз ислом оварданаш қозии Бағдод ӯро котиби худ таъйин кард.

Ибни Ҷизлаи Бағдодӣ китобҳои зеринро таълиф кардааст: «Тақвиму-л-абдон» (дар баёни тиб ва муолиҷа; дар бораи 352 беморӣ маълумот дорад), «Минҳоҷу-л-баён фӣ мо ястаъмилуҳу-л-инсон» (китоб дар баёни гиёҳҳо ва дорувор буда, онҳоро бо тартиби алифбо ёд кардааст), «ал-Ишора фӣ талхиси-л-ибора», «Рисола» (дар мадҳи тиб ва мувофиқати он бо шариат ва радди касоне, ки бар вай таън кардаанд). Ибни Ҷизлаи Бағдодӣ дар пешаи худ бо диёнату тақво амал ва фақирону бечорагонро ройгон табобат мекард. Ибни Ҷизлаи Бағдодӣ пеш аз фавт ҳамаи китобҳояшро вақфи мазори ҳазрати Имоми Аъзам карда будааст.