Ибодон
Маҳалли аҳолинишин | |
йорубо Ìbàdàn англ. Ibadan | |
![]() | |
Кишвар |
![]() |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | 1829 |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 230 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
oyostate.gov.ng(англ.) | |
|
|
![]() |
Ибодон (англ. Ibadan, йорубо Ìbàdàn) — шаҳр дар қисми ҷанубу ғарбии Нигерия, маркази маъмурии иёлати Ойо. Аҳолиаш 3847,5 ҳазор тан (бо аҳолии атрофаш 4712,9 ҳазор тан, 2017). Масоҳаташ 3080 км².
Баъди шаҳрҳои Лагос ва Кано севвумин шаҳри сераҳолии мамлакат мебошад. Шабакаи роҳҳои автомобилгард, истгоҳи р. о. дар шоҳроҳи Лагос — Кано ва фурудгоҳ дорад. Ибодон соли 1829 аз ҷониби муҳоҷирони Ойо, Эгба ва Ифе бунёд шуда, ҳамчун шаҳр-давлат рушд кард. Муддати тӯлонӣ роҳҳои то хал. Бенин зери назорати ш. Ибодон буд, дар хариду фурӯши ғуломон ва тиҷорати равғани нахл ба аврупоиён нақши миёнаравро мебозид. Солҳои 1893—1960 Ибодон зери итоати Британияи Кабир буд. Дар қисмати Ибодон-и куҳан биноҳои 1-2-ошёнаи гилини бо тунукаи чиндор бомпӯшгардида боқӣ мондаанд.
Ибодон маркази бузурги маориф ва илми мамлакат аст. Дар Ибодон марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ мавҷуданд. Осорхонаи мардумшиносӣ, боғи ҳайвонот, боғи ботаникӣ, китобхонаи вазорати илм ва технология (1973), бойгонии миллӣ (1951), осорхонаи миллӣ, донишгоҳ, клуби футболи «Шутинг Старс» (чемпиони 5-каратаи Нигерия, 1976-98) дорад. Соли 1980 дар Ибодон чемпионати футбол барои Ҷоми Африқо баргузор гардид.
Ибодон яке аз марказҳои бузуртарини тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ (какао, пахта, каучук, чӯб, равғани нахл) ва саноатии мамлакат буда, корхонаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ ва тамоку дорад. Дар Ибодон корхонаҳои истеҳсол ва васлкунии ҷиҳози хона (мебел), истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ ва резинӣ, коркарди чарм, ҳунарҳои бофандагӣ, ресандагӣ, кулолӣ, рангубори матоъ ва коркарди филиззот низ рушд кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибодон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.