Ибодуллоҳи Одилӣ
Ибодуллоҳи Одилӣ |
|---|
Ибодуллоҳи Одилӣ (1872, Бухоро — 1944, ҳамон ҷо) — хаттоти тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оилаи Одилхӯҷаи Саҳҳоф таваллуд шудааст. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр дар шуъбаи дастнависҳои шарқии Китобхонаи ба номи Ибни Синои шаҳри Бухоро чун ходими илмӣ хидмат кардааст. Сипас дар Китобхонаи шаҳри Самарқанд низ ҳамин вазифаро иҷро намуда, баъди ба Тошканд кӯчонидани ҳар ду шуъба, дар шуъбаи дастнависҳои Китобхонаи ба номи Алишер Навоии Тошканд чун ходими илмӣ кор кардааст. Дар давоми фаъолияташ чандин дастнависҳоро аз нав бо хатти зебову хонои насху настаълиқ китобат кардааст, ки нодиртаринашон «Маҷмӯаи муросалоту муроқаот» (Албоми Навоӣ) аст. Ин китоб маҷмӯаи мактубҳоест, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Аҳрор, Хоҷа Абдуллоҳ, Ҳоҷӣ Яҳё, Хоҷа Абдулаввал, Мавлоно Қосим, Мавлоно Абусаид, Муҳаммад ибни Аминнуддин, Хоҷа Алӣ, Хоҷа Ҳасан ибни Алоуддини Аттор ва дигар донишмандони он давр ба унвони Алишер Навоӣ ирсол доштаанд ва бо фармони ӯ ин мактубҳо бо ҳусни хатти худи муаллифон дар шакли асл рӯи коғазҳои алоҳида насб гардида, ҳошиякориву саҳифабандӣ шудаанд. Ғайр аз ин Ибодуллоҳи Одилӣ рисолаи «Муаммо»-и Алишер Навоӣ (№ 12178), тазкираи «Музокиру-л-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ ва панҷ асари Садри Зиё («Баъзе латоифу зароиф ва ҳикоёт», «Тазкираи манзум», «Таърих», «Зикри чанд уламои охир», «Баъзе аз гузоришоти аҳволи бандаи шикастабол мутахаллис ба Зиё»)-ро дар як ҷилд бо хатти зебо китобат кардааст, ки ҳама дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Узбекистон маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибодуллоҳи Одилӣ / С. Султонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.