Ибодуллоҳ Имтиҳон
Намуди зоҳирӣ
Ибодуллоҳ Имтиҳон |
|---|
Ибодуллоҳ Имтиҳон (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ниёгонаш аслан аз Тошканд. Зодгоҳаш Самарқанд. Ба ҷуз гуфтани шеър, аз илмҳои замонаш низ огоҳ будааст. Шеърҳояш равону содаанд. Ибодуллоҳ Имтиҳон соли 1679 ба Ҳиндустон сафар кардааст. Хеле қашшоқона умр ба сар бурдааст.
Намунае аз ашъори ӯ:
Ба роҳи ишқбозӣ ҳар кӣ тарки сар намесозад,
Лаб аз оби дами теғи шаҳодат тар намесозад.
Зи дил ҳарчанд оҳи гарм берун мекашам чун шамъ,
Зи сӯзи синаам он симтан бовар намесозад.
Чу дар гуфтори ширин медарояд, Имтиҳон, килкам,
Дигар кори найи килки маро шаккар намесозад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Имтиҳон // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.