Ибораҳои фразеологӣ
Ибораҳои фразеологӣ, ибораҳои устувор — таркибҳои устувор ва тайёри нутқ, ки ҷузъҳояш ба якдигар вобастагии ҷудонашаванда дошта, як маъниро ифода мекунанд.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои пурғановат дар истифода аз ибораҳои фразеологӣ маҳсуб мешавад. Ибораҳои «пӯсту устухон шудан» (лоғар, хароб шудан), «дил кандан» (тарки дӯстиву рафоқат ва ишқу муҳаббат кардан бо касе), «даст ба гиребон шудан» (бо касе ҷангу ҷанҷол кардан), «гурги борондида» (шахси ботаҷриба, мушкилеро паси сар карда, мушкилеро дида), «коҳи куҳнаро бод кардан» (сухани дар гузашта гуфташударо ба ёд овардан), «аз касе дил шустан» (умед кандан), «хуни дил хӯрдан» (азоб кашидан), «ба чашми худ нигоҳ карда роҳ рафтан» (кореро ба мақсаду мароми худ ба анҷом расонидан), «ғам хӯрдан», «димоғ сӯхтан», «чашм дӯхтан», «оби дандон» (навъи қанд), «афсӯс хӯрдан», «чашми касеро тарсондан», «савганд хӯрдан», «муштро гиреҳ кардан», «гапро пазондан», «кори пухта», «одами пухта», «ба гардани касе савор шудан» ва ғ. ибораҳои фразеологии маъмул дар забони тоҷикӣ мебошанд. Дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ низ ба ғайр аз ибораҳои фразеологии маъмул дар забони адабӣ, ки бо лаҳҷа талаффуз мешаванд, ибораҳои махсусе вуҷуд доранд, ки хосси ҳамон лаҳҷаанд. Мас., дар лаҳҷаи Мастчоҳ ибораҳои «гап хӯрдан» (гапро гум кардан дар мавриди гуфтугӯ), «ғӯлак задан» (сиёҳӣ задани чашм), «ҳавои гургзояк» (ҳавои ноустувор — гоҳ борону гоҳ офтоб), дар Дарвоз «ҳолгарӣ кардан» (фиреббозӣ кардан, найранг кардан) ва ғ. ба назар мерасанд. Одатан, ҷузъҳои ибораҳои фразеологӣ ивазнашавандаанд: мас., «гули сари сабад»-ро «гули сари кӯза» ё «гули сари хирман» гуфтан мумкин нест. ибораҳои фразеологӣ ба забонҳои дигар айнан тарҷума намешавандоктори илмҳои ф. дар фразеология ва лексикология омӯхта мешаванд. Истифода аз ибораҳои фразеологӣ боиси хушобурангӣ, фасоҳат, муассирӣ, тобиш, баёни эҳсосот, ҳусн дар забони гуфтугӯӣ (шифоҳӣ) ва нутқи навишторӣ мегардадоктори илмҳои ф. ба мисли ибораҳои наҳвӣ (нигар Ибора) бо алоқаи изофӣ («мухтасари калом», «сарви сиҳӣ», «лаъли обдор», «хонашери майдонғариб», «ба оши тайёр баковул»), вобастагӣ («даҳон ба даҳон», «каждум дар бағал», «мӯ ба мӯ»), пайваст («имрӯзу фардо», «аҳлу аёл»), ҳамроҳӣ («он ҷаҳон/дунё»), омехта («чашму чароғи замин», яъне беҳтарин намояндагони ҷамъият) ва ғ. сохта мешаванд. Баъзе ибораҳои фразеологӣ дар забони тоҷикӣ ба зарбулмасалу мақол табдил ёфтаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибораҳои фразеологӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.