Мулло Ибодуллоҳи Ибрат
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Ибрат, Мулло Ибодуллоҳ)
Мулло Ибодуллоҳи Ибрат |
|---|
Мулло Ибодуллоҳи Ибрат (форсӣ: عبرت; қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ибрат шоири рангинбаён буда, ба қавли Муҳтарам, «дар ҳалли абёти муғлақа ва кашфи муаммоти мушкила қобилият» доштааст.
Байтҳои зер аз ӯст:
Баски аз бетолеъӣ домони ёр аз даст рафт,
Сабр аз дил, рахт аз тан, ихтиёр аз даст рафт.
Тарки мо кард он нигору монд дар дил доғи хеш,
Нахли умрамро хазон омад, баҳор аз даст рафт.
Дӯш дидам он лабу рухсору моҳу хатту хол,
Сабру ҳушу ақлу динам – ҳар чаҳор аз даст рафт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибрат / А. Ҳабибов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.