Jump to content

Иброниён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброниён
Забон Biblical Hebrew[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иброниён (форсӣ: عبرانیان‎, аз ар. عابر‎ — гузаранда; номи ҷадди панҷуми Иброҳими паёмбар) — қабила ва фарзандони Иброҳим, қавми соминажоде, ки дар асрҳои 19-18 то мелод дар ноҳияҳои шимолии биёбони Арабистон саҳронишин буданд; бо ошуриён, арабҳо ва қавмҳои Ховари Миёна асли муштарак доранд. Сохтори иҷтимоии иброниён қабилаӣ буд, ҳар қабила мустақил буд ва раиси худро дошт, ки умури динӣ ва ҳам дунявиро идора мекард.

иброниён эътиқоди ибтидоӣ, чун парастиши арвоҳ ва қувваву ҳодисаҳои табиӣ, доштанд. Дар ибтидо иброниён ба сангҳои бузург ва кӯҳсутунҳо эҳтиром гузошта, онҳоро ниёиш мекарданд. Кӯҳпояро «мазбаҳ» ва сахраҳоро «гилгал» гуфта, дар атрофи онҳо барои адои қурбонӣ ва ниёиш ҷамъ ҳам меомаданд. Ба бовари иброниён сангҳои бузург дорои рӯҳ, сахраву кӯҳпояҳо нишемангоҳи арвоҳи бузург, мардҳои диданашаванда ва ҷин, дарахтон маҳалли иқомати арвоҳ ва шаётин буданд. Иброниён чашмаву рӯдҳоро аз файзи қудсӣ ва атои худоён медонистанд, ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили мору кафтор ва гургро маҳалли ҳулули арвоҳи аҳриманӣ пиндошта, эҳтиром мекарданд. Иброниён бар ин эътиқод буданд, ки мумкин аст шаётин ва арвоҳи палид дар биёбон ба сурати инсон дароянд.

иброниён чун дигар қавмҳои сомӣ нахуст арвоҳ ва қувваҳои фавқуттабииро ба номи умумии «Эл» (ҷамъаш «Элоҳим») мехонданд. Иброниён то зуҳури Иброҳим (а) аз миёни худоён маъбудашонро интихоб мекарданд ва худро баргузидаи худоёни хеш медонистаанд. Иброҳим (а) ба иброниён дини яккахудоӣ овард ва онҳо «Эл»-ро Худои якто қарор доданд. То ин дам онҳо дар Бобил буданд. Иброҳим (а) пас аз эълони оини нави худ мавриди сӯиқасди оинҳои дигари бобилӣ қарор гирифт. Инчунин дар он ҳангом (тақр. 1800 то м.) ҳиндуаврупоиҳо ба Бобил ва атрофи он ҳуҷум карданд. Иброниён бо роҳбарии Иброҳим (а) ба ноҳияи шимолии нимҷаз. Арабистон муҳоҷир шуданд ва пас аз чанде саҳронишинӣ ба сарзамини Канъон рафтанд. Ба иброниён дар Канъон пас аз Иброҳим Исҳоқ (а) ва пас аз ӯ Яъқуб (а) раҳбарӣ мекарданд. Дар осори таҳқиқотӣ, дар баъзе мавридҳо иброниён, банӣ Исроил ва қавми яҳуд ҳамчун мафҳумҳои муродиф истифода шудаанд.