Jump to content

Иброҳими Лудӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳими Лудӣ
пашту: ابراهیم لودي
22 ноябр 1517 — 21 апрел 1526
Пешгузашта Сикандари Лудӣ[d]
Ҷонишин Бобур

Таваллуд 1480
Даргузашт 21 апрел 1526(1526-04-21)
Хонадон Лудӣ[d]
Падар Сикандари Лудӣ[d]
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иброҳими Лудӣ (форсӣ: ابراهم لودی‎; 1480, Деҳлӣ21 апрел 1526, Понипат[d]) — охирин султони Деҳлӣ (1517—1525) аз сулолаи Лудиҳо.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иброҳими Лудӣ бар хилофи сиёсати падараш — Искандари Лудӣ (ҳукмронӣ 1489—1517) хост ҳукумати марказии Салтанати Деҳлиро устувор ва нуфузи ашрофи афғонро маҳдуд кунад. Аммо баръакси сиёсати Иброҳими Лудӣ дарбориёни соҳибҷоҳ бародараш Ҷалолхонро дар Ҷавнпур ба сари қудрат оварданд ва дар Деҳлӣ низоми дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омад (1517). Муборизаи дохилии бародарон бо ғолибияти Иброҳими Лудӣ анҷом ёфта, Ҷалолхон ҳамроҳи се бародараш — Исмоилхон, Ҳусайнхон ва Маҳмудхон дар Ҳонсӣ зиндонӣ шуданд. Баъдан Иброҳими Лудӣ фишорро нисбат ба ходимони соҳибнуфузи дарбор зиёд кард ва гурӯҳе аз онҳо, аз қабили Исломхон (дар Карра), Баҳодурхони Лудӣ (дар Биҳор), Давлатхони Лудӣ (дар Панҷоб) ва дигарон ба муборизаи зидди ӯ бархостанд. Дар натиҷаи шиддати муборизаҳои дохилӣ Давлатхони Лудӣ писараш Диловархонро ба назди Бобур фиристода, аз ӯ мадад хост. Иброҳими Лудӣ дар набарди Понипат (26.4.1526) аз Бобур шикаст хӯрда, ба қатл расид.

Шоирони ҳамзамони Иброҳими Лудӣ Ҷамолии Деҳлавӣ ва Гадоии Деҳлавӣ машҳур буданд. Китобҳои «Фарҳанги Иброҳимшоҳӣ» ва «Фиқҳи Иброҳимшоҳӣ» ба номи Иброҳими Лудӣ таълиф шудаанд.