Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иброҳими Тамғочхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳими Тамғочхон
Таваллуд 998
Даргузашт 1068
Оромгоҳ
Падар Наср ибни Алӣ[d]
Фарзандон Q11059837?, Shams al-Mulk Nasr[d] ва Terken Khatun[d]

Иброҳими Тамғочхон (форсӣ: ابراهيم تمغاچ خان), Иброҳим ибни Наср (9981068, Мовароуннаҳр) — намояндаи хонадони Қарахониён, писари Наср ибни Алӣ, хони Мовароуннаҳр (1040—1068).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар маъхазҳои таърихӣ номи ӯ Абуисҳоқ Иброҳим ибни Насри Бӯритегин ва лақаби пуррааш дар сиккаҳои Самарқанду Бухоро «Имоду-д-давла ва тоҷу-л-мила, сайфу халифати-л-Лоҳ Тамғочхон Иброҳим» сабт шудааст. Иброҳими Тамғочхон дар ҷавониаш лақаби Бӯритегин ва мулки хурд дошта, чанд муддат ба дасти писарони Алитегин асир афтода буд. Солҳои 1036—1037 аз асорат фирор карда, аввал ба Хуҷанд, баъд назди бародараш ба Ӯзганд рафт, вале бо вай муросо карда натавонист. Соли 1038 Иброҳими Тамғочхон аз ҳисоби қавми туркҳои ганҷина сипоҳи сеҳазора ташкил карда, ба Хутталону Вахш ҳуҷум ва мавзеъҳои он ҷоро то атрофи Ҳулбук ишғол кард. Ҳангоми ҳаракати Иброҳими Тамғочхон ба самти Фархор сипоҳиёни султон Масъуди Ғазнавӣ ӯро аз Хутталон хориҷ карданд. Бори дигар Масъуди Ғазнавӣ шахсан ба муқобили лашкар кашида, дар наздикии Тирмиз мақом кард. Дар Шумон Масъуд аз афзоиши таҳдиди ҳуҷуми Салҷуқиён ба навоҳии Хуросон огоҳ шуда, ба тохтутози баъдии Иброҳими Тамғочхон дар Мовароуннаҳр тан дод.

Мувофиқи баъзе маълумоти дигар Масъуди Ғазнавӣ ҳукумати Чағониёнро ба Иброҳими Тамғочхон вогузор карда, ӯро ба муборизаи зидди Қарахониёни Мовароуннаҳр (писарони Алитегин) таҳрик кард. Иброҳими Тамғочхон то соли 1041 тамоми мулкҳои Мовароуннаҳрро аз тасарруфи писарони Алитегин озод карда, соҳиби унвони шуҳратноки «Тамғоч Буғрохон» ва «Муайиду-л-адл» шуд. Иброҳими Тамғочхон давлати Қарахониёни Шарқиро эътироф накарда, дар Мовароуннаҳр ҳукумати мустақили Қарахониёни Ғарбиро ташкил дод, ки марказаш Самарқанд буд. Дар аҳди Иброҳими Тамғочхон то андозае амнияту оромиши мардум таъмин гардид. Ҳамзамон Иброҳими Тамғочхон барои муттамаркизонидани ҳукумат ва танзими бозаргонӣ дар Мовароуннаҳр тадбирҳо анҷом дод. Чунончи, дар Фарғона дирҳамҳои сурбу мисиро аз муомилот бароварда, сиккаҳои нуқрагӣ ва мисиро ҷорӣ кард. Иброҳими Тамғочхон соли 1068 фалаҷ шуд ва ба ҷойи ӯ писараш Шамсулмулк Наср ҳоким гардид.