Иброҳимҷон Дӯстализода
Jump to navigation
Jump to search
Иброҳимҷон Дӯстализода | |
---|---|
Ном ба ҳангоми таваллуд: | 1991 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Панҷакент |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Иброҳимҷон Дӯстализода (1991, деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент) — шоир ва тарҷумони тоҷик.
Зиндагинома[вироиш]
Иброҳимҷон Дӯстализода соли 1991 дар деҳаи Варзикандаи Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети филологияи ДМТ аст. Чанд муддат омӯзгорӣ намуда, айни ҳол дар ширкати байналмилалии роҳу кӯпруксозии «Синдзиян Бейсин»-и ҶМ Чин фаъолият мекунад[1].
Эҷодиёт[вироиш]
Намунаи шеърҳояш дар матбуоти даврӣ интишор ёфтаанд. То имрӯз се маҷмуаи шеър — «Дуруд, фардо»(2012), «Мусиқии нафас»(2016) ва «Пайи имдоди гул»(2018) ба нашр расонидааст. Ҳамчунин, маҷмӯаҳои илмӣ-публитсистии ӯ — «Чашмандози фолклори баъзе деҳаҳои Панҷакент», «Тулуъи беғуруб» ва «Аз пайроҳаи пурхатар то шоҳроҳи бузург» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Шароби садсола(тоҷ.). Tajikistan times (3 августи 2019). 15 январи 2020 санҷида шуд.