Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иброҳим Бозоров (деҳа, н. Турсунзода)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Иброҳим Бозоров
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Турсунзода
Ҷамоат Деҳоти Сешанбе
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Свердлов
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3154 тан (2018)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3130
Нишонаи почта 737450

Иброҳим Бозоров(то 14.12.2012 Свердлов) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сешанбеи ноҳияи Турсунзода. Аз деҳа то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 1 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3154 нафар (2018), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди ҷомеъ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, осиёби хусусӣ, чойхона, ҳаммом, нонвойхона ва ошхона дорад. Дар ҳудуди деҳа қисми ҳарбии 051059-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст. Заминҳо аз рӯди Ширкент обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 25 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият дорад.

Шахсиятҳои маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯзноманигору ходими давлатӣ Хуҷааҳмад Хидиралиев ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.