Jump to content

Иброҳим Исмоилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳим Исмоилов
Таваллуд 1901
Даргузашт 3 май 1938(1938-05-03) ё 1939
Мадфан
Фарзандон Лоланисо Исмоилова
Ҳизб
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Навъи артиш Soviet Border Troops[d]
Набардҳо

Иброҳим Исмоилов (1901, ноҳияи Ишкошими, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон3 май 1938 ё 1939, Сталинобод) — сиёсатмадор ва давлатмарди тоҷик. Падари Лола Исмоилова.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иброҳим Исмоилов соли 1901 дар деҳаи Нуди волости Ишкошим дар оилаи хизматчии Русияи подшоҳӣ ба дунё омадааст. Муҳассили мактаби русии Хоруғ (1914‒1917). Хид­мат дар сафи Артиши Сурх ва мақомоти Идораи мут­та­ҳи­даи давлатию сиёсӣ (1918 ‒1923, ОГПУ).

Узви ҲКИШ (1921), раиси Кумитаи ин­қи­лобии волости Ишкошим (1923‒ 1924), ҷони­ши­ни раиси Кумитаи инқи­ло­бии ВМКБ, раиси Кумитаи иҷ­роияи ВМКБ (1924‒1927), ҷо­ни­ши­ни комиссари хал­қии Инспек­сияи коргару деҳқон (1927‒30), комиссари хал­қии молияи ҶШС Тоҷикистон (1931‒­1932), котиби дуввуми КМ ҲК (б) Тоҷикистон (1932‒1934), мудири Шуъбаи маданият ва тарғиботи Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК (б) (1934). Шунавандаи мактаби олии ташкилоти ҳизбии назди КМ ҲК (б) дар шаҳри Маскав (1934‒1936), Комиссари хал­қии савдои ҶШС Тоҷикистон (1937). Вакили съездҳои XVI‒XVII ҲК (б), узви КМ ҲК (б) Тоҷикистон (1930‒1937), узви бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон (1932‒1934).

Иброҳим Исмоилов барои бунёди корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон, маҳви бесаводӣ кӯшиш карда, бо роҳбарии ӯ чандин ки­тоб аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд.

Ордену ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳ­нат қадр шудааст.

Ҳабс ва эъдом

[вироиш | вироиши манбаъ]

Со­ли 1937 ҳабс шуда, ба қатл маҳкум гардид. Пас аз марг дар соли 1956 сафед карда шуд.

Дар ноҳияи Ишкошим осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ[1], мактаби миёнаи № 21 ва як кӯчаи шаҳри Хоруғ ба шарафи Иброҳим Исмоилов номгузорӣ шудаанд.

  • Ишкошим. Китоби раҳнамо. Д., 2011;
  • Аламшоев Қ. Помир, 1937. Д., 2012;
  • Энсиклопедияи Бадахшон. Д., 2016.