Jump to content

Иброҳим Пошо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳим Пошо
ар. إبراهيم محمد علي باشا

Таваллуд 4 март 1789(1789-03-04)
Даргузашт 10 (22) ноябр 1848[1][2] (59 сол)
Мадфан
Хонадон Сулолаи Муҳаммад Алӣ
Падар Муҳаммад Алӣ Пошо
Ҳамсар Hoshiyar Qadin[d]
Фарзандон Исмоил Пошо, Ahmad Rifaat Pasha[d] ва Mustafa Fazl Pasha[d]
Эътиқод ислом
Ҷоизаҳо
Салиби бузурги ордени Легиони Фахрӣ Grand Cross of the Order of the Tower and Sword Order of Saint Joseph
Рутба генерал
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иброҳим Пошо (4 март 1789, Kavala[d][1]10 [22] ноябр 1848[1][2], Қоҳира) — сарфармондеҳи сипоҳ ва давлатмарди мисрӣ, волии Миср (1948), писархонд, ҳамрикоб, шарики ҳокимият ва вориси Муҳаммад Алӣ (ҳукмронӣ 1805—1948).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1805 дар Миср иқомат карда, дар раванди ислоҳоти анҷомдодаи падараш, аз ҷумла таҷдиду навсозии артиш ва қувваҳои баҳрӣ ширкат дошт. Роҳбари вазорати молия (1807—1912) ва пошо (амир)-и Мисри Боло (1812—1916). Дар давраи сарлашкари сипоҳи Миср буданаш (1816—1941) шуҳрат ёфт: дар раванди мубориза ба муқобили ваҳҳобиҳо аввалин давлати Саудиҳоро барҳам дод (1816—1918); таҳти роҳбарии ӯ артиши Миср Судони Шарқиро забт (1820—1922) ва Иниқлоби миллӣ-озодихоҳии Юнонро (1821—1929) пахш кард. Дар раванди зиддияти низомии Миср бо Империяи Усмонӣ (1831—1933) чанд бор артиши туркҳоро шикаст дод. Солҳои 1833—1940 ҳокими минтақаҳои вобаста ба Миср — Сурия, Фаластин ва Киликия буд. Иброҳим Пошо баъдан шарики ҳокимият (1847) ва вориси Муҳаммад Алӣ (1848) гардид.