Иброҳим ибни Довуд
Таърихи таваллуд | тақрибан 1110[1][2] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1180[1][3] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа, Talmud[d] ва Halakha[d] |
Ибни Довуд (ар. ابن داود), Иброҳим Ҳалевӣ (тақрибан 1110[1][2], тахм. Қуртуба, Андалусия[2] — 1180[1][3], Тулайтула[d][2]) — файласуф, илоҳиётшинос, таърихнигор ва ахтаршиноси яҳудӣ; аввалин файласуфи яҳудӣ, ки дар аҳкоми Таврот мазмуну назарияҳои фалсафӣ ҷустуҷӯ карда, таълимоти Арасту, Форобӣ ва Ибни Синоро ба мардуми яҳудӣ муаррифӣ намудааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Довуд дар таърихномаи яҳудиён — «Седер ҳа-Қаббалаҳ» («Китоби суннатҳо») ирсияти суннати яҳудӣ аз Мусо то Юсуф ибни Мигашро собит мекунад. Китоби дигари ӯ «Ҳа-Имунаҳҳа-Рамаҳ» ё «Эмуна Рама» («Имони мутаолӣ») рисолаи фалсафиест, ки дар он кӯшиши ҳамоҳангсозии фалсафаи арастуӣ бо андешаи яҳудӣ шудааст. Ин асари ӯ нахуст ба забони арабӣ навишта шуда буд, вале танҳо тарҷумаи ибрии он боқӣ мондааст.
Таълимоти фалсафӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Довуд таълимоти фалсафии Арастуро ба яҳудиён муаррифӣ кард. Вай танҳо Арасту ва пайравони ӯ — Форобӣ ва Ибни Синоро файласуфони асил медонист. Ибни Довуд ба таълимоти онҳо дар бораи ҳастӣ, мақулаҳои ҷавҳар ва араз, имконият ва воқеият, имкон ва феъл, ақл ва имон, таълимот дар бораи ҳаракат ва сукун, назарияи офариниш, назарияи судури ақлҳои даҳгона, нубувват ва ғ. такя дошт. Ӯ, дар баробари имон, ба неруи бузурги ақлу илм низ эътиқод дошт ва бар зидди ҳама гуна маҳдудсозии ақлу илм қиём мекард. Фалсафаи ҳақиқӣ, ба андешаи Ибни Довуд, имони инсонро на суст, балки нерумандтар мекунад. Ибни Довуд бар ин андеша аст, ки дар ниҳояти кор бояд ба ваҳйи илоҳӣ афзалият дод, зеро он ҳикмате, ки фалсафа дар давоми таҳаввули таърихӣ ба даст овардааст, дар китобҳои динии яҳудиён аз ибтидои таърих вуҷуд дошт. Ибни Довуд таълимоти Арастуро дар бораи нахустасоси олам будани модда хилофи назари Таврот мешуморид, ки мувофиқи он олам аз ҳеч пайдо шудааст. Дар фаҳмиши масъалаи нубувват Ибни Довуд ба таълимоти Форобӣ ва Ибни Сино такя карда, ба хулосае омадааст, ки паёмбарӣ падидаи истисноӣ ва хориқулода не, балки марҳалаи ниҳоии таҳаввули ақли инсонӣ ва як ҳадяи худовандӣ мебошад. Ибни Довуд мавҷудияти бадиро дар олам бо хайри маҳзи Худо муқобил намегузорад. Мавҷудияти бадӣ нишонаи заифии Худо набуда, ҳастии мустақил надорад ва танҳо натиҷаи табиии адами хайри ҳақиқӣ мебошад. Барои бадӣ офаридгор зарур нест. Худо барои инсон имкониятҳоеро вогузоштаааст, ки бо ёрии онҳо ӯ метавонад аз рӯи иродаи худ амал бикунад, вале озодии иродаи инсон мутлақ нест. Инсон метавонад, ки маҳдудиятҳои табиии худро убур кунад ва ба зинаҳои олии ахлоқ барояд. Ба андешаи ӯ, ахлоқ «тибби рӯҳонӣ» (иқтибос аз Афлотун) мебошад, вале ягон таълимоти фалсафаи амалӣ наметавонад ба дараҷаи Таврот бирасад. Дар байни фалсафа (илм) ва дин (имону эътиқод) ягон зиддият вуҷуд надорад, онҳо бо забонҳои гуногун як ҳақиқати воҳидро баён мекунанд. Ибни Довуд ба нуктаи муҳимми фалсафаи Арасту ва машшоиёни шарқӣ — масъалаи ҳаракат диққат дода, ворид кардани таълимоти ҳаракат ва таҳаввулро ба яҳудият вазифаи худ шуморид. Ӯ ин корро бо истифода аз фалсафаи Ибни Сино муваффақона ба анҷом расонид: Олам аз модда ба вуҷуд омадааст, ин модда доимо дар ҳоли ҳаракат ва таҳаввул аст (абадӣ нест), ақли инсон низ ба мисли ин модда ҳамеша дар ҳоли таҳаввул аст. Ҳаюлои аввал ибтидои худро аз Худо мегирад. Ибни Довуд таълимоти Форобӣ ва Ибни Синоро дар бораи мавҷудияти ду шакли ҳастӣ: Воҷубулвуҷуд ва Мумкинулвуҷуд низ пазируфт ва ба ин васила мушкили эътиқоди яҳудиёнро ҳал кард: акнун онҳо метавонистанд эътиқоду имони худро аз роҳи фалсафа, ба таври ақлгароёна собит бикунанд. Таълимоти Ибни Довуд ба илоҳиёти яҳудия (махсусан ақлгароӣ ва ҷонибдории он аз илм) таъсири бузург расонид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Stanford Encyclopedia of Philosophy (ингл.) — Stanford University, Center for the Study of Language & Information, 1995. — ISSN 1095-5054
- ↑ 3.0 3.1 http://prdl.org/author_view.php?a_id=3431 (ингл.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Довуд // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.