Иваз шудани молик
Иваз шудани молик — дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ амалиёти асосии муносибатҳои байни шаҳрвандон, ки ба қатъи ҳуқуқи моликият аз ҷониби соҳибмулк ва ба шаҳрванди дигар гузаштани он вобаста аст.
Намудҳои иваз шудани молик: хариду фурӯш, мубодила, ҳадя ва қабули мерос. Усули асосии иваз шудани молик шартнома буда, аксари шартномаҳо ба тарзи шифоҳӣ баста мешаванд. Дар ҳолати аз андозаи музди меҳнати ҳадди ақал на камтар аз даҳ маротиба бештар будани нархи шартнома он бояд ба таври хаттӣ баста шавад.
Қонун се намуди бидуни шартнома иваз шудани моликро пешбинӣ кардааст:
1. Реквизитсия (дар ҳолати фавқулода ба манфиати ҷомеа бо пардохти арзиши амвол).
2. Мусодира (ҳамчун чораи ҷазо).
3. Милликунонӣ (аз моликии шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ ба моликияти давлат табдил додани амвол).
Иваз шудани молик дар ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз асосҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо мебошад. Ҳангоми иваз шудани молики ташкилот, ҳамчунин аз нав ташкил (якҷоя, ҳамроҳ, ҷудо ва дигаргун) кардани он муносибатҳои меҳнатӣ бо розигии корманд идома дода мешаванд. Қонунгузории меҳнатӣ дар ин ҳолат маҳдудияти муайян ҷорӣ кардааст. Соҳибмулк (корфармои нав) метавонад бо ташаббуси худ шартномаи меҳнатиро танҳо бо роҳбарони ташкилот ва дигар кормандоне бекор намояд, ки вазифаи умумии идоракуниро дар ташкилот иҷро мекунанд. Ҳангоми қатъи шартнома бо роҳбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро иҷро мекунанд, молики нав, вобаста ба иваз шудани молик, ӯҳдадор аст ба ҳар кадоми онҳо на камтар аз музди меҳнати шашмоҳа ҷубронпулӣ пардозад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иваз шудани молик / А. Абдуҷалилов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Российское гражданское право / Под общей ред. Е. А. Суханова. М., 2015;
- Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2016.