Ивани III
![]() | |
| |
4 июн 1452 — 27 октябр 1505 | |
Пешгузашта | Vasily II of Moscow[d] |
|
|
Таваллуд |
22 январ 1440[1][2][3] |
Даргузашт |
27 октябр 1505[1][2] (65 сол) |
Мадфан | |
Хонадон | Rurik dynasty[d] |
Падар | Vasily II of Moscow[d][3] |
Модар | Maria of Borovsk[d][3] |
Ҳамсар | Maria of Tver[d] ва Sophia Palaiologina[d] |
Фарзандон | Ivan the Young[d], Vasili III of Moscow[d], Yury Ivanovich[d], Andrey of Staritsa[d], Helena of Moscow[d], Dimitri Ivanovitch[d], Simeon, Duke of Kaluga[d], Inokinya Aleksandra[d], Yevdokiya Ivanovna[d] ва Theodosia Ioannovna[d] |
Эътиқод | Orthodox Christian[d] |
![]() |
Ивани III (22 январ 1440[1][2][3], Маскав, Дукнишини бузурги Маскав[d][4] — 27 октябр 1505[1][2], Маскав, Дукнишини бузурги Маскав[d][5][4]) — князи кабири Маскав ва Владимир (аз 1462), «шоҳи сарзамини Рус» (аз 1478), намояндаи сулолаи Рюриковичҳо, писари князи кабир Василийи II Сиёҳ (Тёмний).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар давраи наврасиаш шоҳид ва ширкаткунандаи «низоъҳои Маскав» (1425-53) буд ва соли 1446 аз ҷониби княз Дмитрий Шемяки дар Углич зидонӣ шуд. Бори аввал (1452) бо духтари князи Твер Борис Александрович — Мария ва бори дуввум (1472) бо маликаи Византия — София Палеолог издивоҷ кард. Дар солҳои аввали ҳукумати Ивани III қаламрави князиҳои Ярославл (1463), Ростов (1474) ва Новгород (1478) ба ҳайати Маскав муттаҳид шуданд. Соли 1485 Ивани III князии Тверро тасарруф намуда, писараш Иван Ивановичро дар он ҷо «князи кабир» таъйин кард. Баъд заминҳои Вятск (1489), Югорск (1500), сарзамини остякҳо ва вогулҳо ба ихтиёри Ивани III гузаштанд. Тадриҷан нуфузи Ивани III дар князиҳои Рязан ва Псков устувор шуда, дар ибтидои асри 16 давлати ягонаи Рус ташкил ёфт. Ивани III солҳои 1480-90 ҳокимияти князҳоро маҳдуд карда, баъзе мулкҳои мустақилро барҳам дод. Дар ин давра низоми дастгоҳи мутамаркизи давлатӣ ва маҳаллӣ ташаккул ёфта, маҷмӯаи қонунҳои умумирусӣ — Судебник таҳия гардид. Соли 1487 Ивани III амалан хонии Қазонро ба Маскав тобеъ кард. Соли 1480 сарзамини Русро аз вассалитети Ӯрдуи Бузург раҳо карда, ба зулми тотору муғулҳо хотима дод. Дар натиҷаи муборизаи муваффақонаи Ивани III бар зидди князии кабири Литовск (1487-94; 1500-03) қаламрави князии Верховск ва Замини Северск (аз ҷумла Чернигов, Новгород-Северский, Стародуб) сарзамини Рус муттаҳид шуданд. Набарди Ивани III бо Шветсия (1495-97) ва Ливония (1501-03) бебарор хотима ёфта, онҳо мақоми пешинаи худро (status quo) ҳифз карданд. Солҳои 1480-90 муносибати Ивани III бо Ҳанса ё Ганза (иттиҳоди сиёсӣ-иқтисодии шаҳрҳои тиҷоратӣ дар шимолу ғарби Аврупо) сард шуд ва тиҷорат бо Аврупо коҳиш ёфт. Дар солҳои охири ҳокимияти Ивани III муносибатҳо бо хонии Қрим низ мурракаб шуданд. Ивани III бо Империяи Руми муқаддас, Империяи Усмонӣ, Форс, Венгрия, Дания ва ғ. муносибатҳои дипломатӣ дошт. Дар аҳди Ивани III бо ёрии меъморони италиявӣ Кремл (1485-95); қасри нави князи кабир дар маҷмааи меъмории Палатаи Грановит (1487-91), калисоҳои ҷомеи Успенский (1475-79), Благовешенск (1484-89) ва пойдевори калисои ҷомеи Архангелск (1505) бино шуданд. Маскав симои пойтахтро гирифт. Ивани III бо Калисои православӣ қатъӣ муносибат карда, дахолати рӯҳониёнро ба корҳои давлатӣ бартараф намуд: номзадии митрополит ва архиепископҳо аз ҷониби княз пешбарӣ мешуданд. Бо марги бармаҳали писараш Иван (охири асри 15) Ивани III аввал набераи худ Дмитрий Иванович (1498) ва баъд писараш Василий Ивановичро (1502) валиаҳд эълон кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Чечулин Н. Иоанн III Васильевич (рус.) // Русский биографический словарь — СПб.: 1897. — Т. 8. — С. 193—228.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Военная энциклопедия (рус.) — СПб.: Иван Дмитриевич Сытин, 1913. — Т. 11.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 В. М—н Иоанн III Васильевич (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1894. — Т. XIIIа. — С. 678—681.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ 5.0 5.1 Иван III Васильевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ивани III // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 22 январ
- Зодагони соли 1440
- Зодагони Маскав
- Даргузаштагони 27 октябр
- Даргузаштагони соли 1505
- Даргузаштагони Маскав
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)