Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ивани II Красний

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ивани II Красний
27 апрели 1353 13 ноябри 1359
Пешгузашта Simeon of Moscow[d]
Ҷонишин Дмитрий Донской[d]
25 марти 1354 13 ноябри 1359
Пешгузашта Simeon of Moscow[d]
Ҷонишин Grand Duke Dimitri Constantinovich of Russia[d]
1355 1359

Таваллуд 30 марти 1326
Даргузашт 13 ноябри 1359[1][2] (33 сол)
Оромгоҳ
Падар Ивани I Калита[2]
Модар Helena of Smolensk, Grand Princess of Moscow[d]
Ҳамсар Alexandra Velyaminova[d] ва Theodosia of Briansk[d]
Фарзандон Дмитрий Донской[d], Ivan Ivanovich[d], Q27031142?[3][4] ва Q130389513?[4]
Дин Калисои ортодоксии шарқӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ивани II Красний (зебо), Кроткий (раҳмдил) (30 марти 1326, Маскав, Дукнишини бузурги Маскав[d]13 ноябри 1359[1][2], Маскав, Дукнишини бузурги Маскав[d]) — князи бузурги Маскав (аз 1353) ва Владимир (аз 1354), намояндаи сулолаи Рюриковичҳо.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи васияти падараш мулкҳои Звенигород ва Рузаро соҳиб шуд ва пас аз фавти бародараш — князи бузурги Маскав Семён Иванович Гордий (ҳукмронӣ 1340-53) ба тахти ҳукумати Маскав нишаст. Ивани II барои ишғол кардани қаламрави князии бузурги Владимир бар зидди князи Суздал Константин Василевич мубориза бурда, ӯро торумор кард. Соли 1354 доираҳои ҳукмрони Ӯрдуи Тилоӣ рутбаи князии ӯро эътироф карданд. Ивани II ба сиёсат чандон таваҷҷуҳ надошт: ба муқобили лашкаркашии литвониҳо ба Звенигород ва тохтутози князи Рязан Олег Иванович ба Маскав муқобилият накард. Ивани II сиёсати муттаҳидкунии заминҳои Русро дар атрофи Маскав идома дода, танҳо князии Муромро тобеъ кард (1355). Дар аҳди Ивани II аксари корҳои сиёсиро митрополит Алексей анҷом медод.

  1. 1 2 Военная энциклопедия (рус.)СПб.: Иван Дмитриевич Сытин, 1913. — Т. 11.
  2. 1 2 3 Иоанн Иоаннович II (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1897. — Т. 8. — С. 192—193.
  3. Анны (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1900. — Т. 2. — С. 195.
  4. 1 2 Kniaziowie litewsko-ruscy od końca czternastego wieku (лаҳ.) / зери таҳрири J. WolffWarszawa: 1895. — С. 178.