Jump to content

Ивани I Калита

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ивани I Калита
1325 — 31 март 1340
Пешгузашта Yury of Moscow[d]
Ҷонишин Simeon of Moscow[d]
1328 — 1337
Пешгузашта Aleksandr Mikhailovich of Tver[d]
Ҷонишин Simeon of Moscow[d]
1328 — 31 март 1340
Пешгузашта Alexander of Suzdal[d]
Ҷонишин Simeon of Moscow[d]

Таваллуд 1288[1], 1304[2][3] ё 1 ноябр 1288(1288-11-01)
Даргузашт 31 март 1340, 31 март 1341[3] ё 13 март 1341[2]
Мадфан
Хонадон Rurik dynasty[d]
Падар Daniel of Moscow[d][3]
Модар Agrippina[d]
Ҳамсар Helena of Smolensk, Grand Princess of Moscow[d] ва Ulyana[d]
Фарзандон Simeon of Moscow[d], Ивани II Красний[4], Andrei Ivanovich[d][5], Evdokia Ivanovna[d][6], Maria Ivanovna[d][6] ва Q108804466?
Эътиқод Калисои ортодоксии шарқӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ивани I Калита (1288[1], 1304[2][3] ё 1 ноябр 1288, Маскав, Дукнишини бузурги Маскав[d]31 март 1340, 31 март 1341[3] ё 13 март 1341[2], Маскав, Дукнишини бузурги Маскав[d]) — князи кабири Маскав (аз 1325) ва Владимир (аз 1328), намояндаи сулолаи Рюриковичҳо, писари князи Маскав Даниел Александрович.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ивани I дар аҳди ҳукмронии бародараш Юрий Данилович (1303-25) ҳокими Коломна буд. Соли 1305 Переяславл-Залесскийро аз сипоҳи твериҳо ҳимоя кард. Аз соли 1320 чанд бор ба Ӯрдуи Тилоӣ рафта, бо илтифоти Ӯзбекхон (ҳукмронӣ 1313-41) ба ҷамъоварии боҷу хироҷи Ӯрду машғул шуд ва маблағи бисёр ба даст овард. Шояд лақабаш Калита (ҳамён, халтаи ҳамли пул) аз ин ҷост. Ӯ дар юриши Ӯрдуи Тилоӣ ба Ярославл ва Ростов (1322) ширкат дошт. Пас аз князи Маскав шуданаш митрополит Пётрро барои кӯчидан аз Владимир ба Маскав моил намудоктори илмҳои I бо пуштибонии Ӯрдуи Тилоӣ бар зидди князи Твер Александр Михайлович мубориза бурда, барои ишғоли қаламрави князии кабири Владимир кӯшиш кард. Соли 1327 дар иттиҳод бо лашкари Ӯрдуи Тилоӣ ошӯби сокинони Тверро фурӯ нишонд ва шаҳру атрофи онро хароб кард. Ивани I кӯшиш дошт, ки тариқи хариду иваз кардани замин ва анҷоми издивоҷи сулолавӣ бо князҳои дигар онҳоро ба худ вобаста намоядоктори илмҳои сокинони дигар князиҳоро барои муҳоҷират ба сарзамини худ ҳавасманд мекард. Дар аҳди ӯ князии Галитсий (1330) ва бахше аз князии Ростов — Сретенск (1331) ва Владимир ба Маскав ҳамроҳ гардиданд. Баъд ба Псков (1329) ва Новгород (1322) лашкар кашид. Соли 1339 дар асоси шикояти ӯ князи Твер Александр Михайлович ва писараш Фёдор дар Ӯрдуи Тилоӣ ба қатл расиданд. Соли 1340 дар натиҷаи ҳуҷуми муштараки сарбозони Ивани I ва Ӯрдуи Тилоӣ князии Смоленск хароб гардид. Дар аҳди Ивани I вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Маскав устувор шуда, атрофи Кремл бо девор (аз чӯби булут) иҳота карда шуд (1339-40); дар ҳудуди он нахустин маъбадҳои сангин: Успенский (1326-27) Архангелск (1333) ва калисои Иоҳани Лествичник (1329) бунёд ёфтанд.